Муҳаммадӣ Раҷабов дар Тайланд соҳиби медали тиллою нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Муҳаммадӣ Раҷабов аз Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ бо медалҳои тилло ва нуқра ба Душанбе баргашт.

Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки Чемпионати Осиё дар шаҳри Паттайяи давлати Шоҳигарии Тайланд аз 12 то 16 июни соли равон баргузор гардид.

Муҳаммадӣ Раҷабов дар масофаи 1000 метр каноэ С-1 медали тилло ва дар масофаи 200 метр каноэ С-1 сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *