Муҳаммад Қудус голи худро ба Атсу бахшид
Нимҳимоятгари тими “Аякс” Муҳаммад Қудус дар бозии даври 22-юми чемпионати Ҳолланд бо “Спарта” як голро ба ҳамватанаш Кристиан Атсу бахшид, ки зери харобаҳо дар Туркия ҳалок шуд.
«Аякс» бар «Спарта» бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард. Қудус дар дақиқаи 84-ум гол зад. Футболбоз баъди голи худ футболкаеро нишон дод, ки дар он “Тинҷ бош, Атсу” навишта шуда буд.
«Ин ҳадаф барои Кристиан Атсу буд. Ман ин корро кардам, зеро дӯст будем, аммо табиист, ки ин ишора ба ҳамаи хонаводаҳои осебдида низ бахшида шудааст. Аз тамошои он саҳнаҳо ман бисёр чизҳоро омӯхтам. Ҳар чизе, ки ман имрӯз кардам, барои Атсу буд. Довари бозӣ Пол ван Буекел ба ман корти зард нишон надод. Ин бештар аз қоидаҳои футбол аст, гап дар бораи ҳаёт ва мамот меравад. Довар гуфт, ки ин мамнуъ аст, аммо ӯ вазъро фаҳмид. Барои ин аз ӯ миннатдорам»,- гуфтааст ин ҷавони 22-сола.
Кристиан Атсу 31-сола буда, тӯли фаъолияташ дар дастаҳои “Порту”-и Португалия ва “Рио Аве”, “Эвертон”-и Англия, “Борнмут” ва “Нюкасл”, Голландия “Витессе”, “Малага”-и Испания бозӣ кардааст. Дар ҳайати тими миллии Гана ӯ 60 бозӣ анҷом дода, 10 гол задааст.
Заминларзаи 7,7 ва 7,6-дараҷаӣ рӯзи 6-уми феврал бо фосилаи 9 соат дар ҷанубу шарқи Туркия рух дод. Тибқи маълумоти ахир, беш аз 40 ҳазор нафар қурбони фоҷиа шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ