Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз 60-сола шуд. Ӯ кист?
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз 60-сола шуд.
Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз (Маҳмадов А. Н.) 25-уми июни соли 1958 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ соли 1984 факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии Кӯлобро хатм намуда, соли 1991 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Белорусия дохил шуда, рисолаҳои илмияшро дар ҳамонҷо дифоъ намудааст. Аз ноябри соли 1994 доктори илмҳои сиёсӣ ва аз соли 2006 инҷониб профессор мебошад.
Бино ба иттилои АМИТ, номбурда дар вазифаҳои коргари оддӣ, муаллими калон, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, сармутахасиси шуъбаи илми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, муаллими калони Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, машваратчии калон, сардори шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналхалқии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ҳоло ноиби Президенти АМИ ҶТ мебошад.
Самтҳои асосии корҳои илмию таҳқиқотии профессор Муҳаммад Абдураҳмон чунинанд:
— таҳқиқи мазмуну мундариҷаи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асоснок намудани манфиатҳои ҳаётан муҳим ва бақодории мамлакат;
— таҳқиқу таҳлили истиқлолияти сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, риторика ва баҳси сиёсӣ, назарияҳои сиёсии муосир, муқаддимаи идеяи миллӣ, сиёсатшиносии этникӣ.
Муҳаммад А. Н. аз соли 2008 то соли 2012 раиси Шӯрои диссертатсиони КМ 737.004.04, аз соли 2013 то соли 2016 раиси Шӯрои диссертатсионии Д 737.004.09 ва аз соли 2016 то инҷониб раиси Шӯрои диссертатсионии Д 047.019.03 мебошад. Дар айни ҳол раиси Шӯрои олимон, сармуҳаррири Ахбори соҳавии АМИ ҶТ мебошад. Зери роҳбарии ӯ 30 нафар унвонҷӯён ва аспирантон рисолаҳои номзадӣ ва 4 нафар рисолаҳои докторӣ дифоъ намудаанд.
Муҳаммад А. Н. Президенти Академияи миллии Олимпии Тоҷикистон (2004 то 2017), Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба гӯштини «Самбо» ва устоди варзиши «гӯштинигирӣ» мебошад. Таҳти сарпарастии ӯ 3 нафар устодони варзиш оид ба гӯштин тарбия ёфтаанд. Муаллифи китобчаи «Фалсафаи варзиши Ибни Сино» ва дигар дастурҳои илмӣ-методӣ ва варзишӣ низ мебошад.
Дар маҷмуъ, муаллифи зиёда аз 170 мақолаҳои илмию таҳқиқотӣ, 6 монографияи илмӣ, 10 брошура ва 8 китоби дарсӣ мебошад.
Муҳаммад А. Н. соли 2011 бо мукофоти давлатии «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст. Соли 2018 ӯ ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба илм ва техника мушарраф гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ