Муҳимтарин чорабиниҳои варзишии соли 2023
Варзишгарони Тоҷикистон соли 2022-ро бо ширкат дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳониву қоравӣ ба анҷом расониданд ва дастовардҳои хуб ҳам доштанд. Дар соли 2023 як қатор мусобиқаҳои дигари бонуфуз баргузор мешаванд, ки ширкати варзишгарони Тоҷикистон дар онҳо дар назар аст.
Муҳимтарин чорабинии варзишии соли 2023-юм Бозиҳои 19-уми Осиё мебошад, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин доир мегардад. Ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш ворид гардидаанд ва дар чанд намуд, аз ҷумла бокс, шиноварӣ, тўббозӣ дар об, камонварӣ варзишгарон имкони дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпиро доранд.
Аз 17 то 26-уми ноябр дар шаҳрҳои Бангкок ва Чонбурии Тайланд Бозиҳои 6-уми Осиё дар иншооти пўшида ва ҳунарҳои размӣ баргузор мешавад. Ба барномаи ин бозиҳо 35 намуди расмии варзиш ва ду намуди варзиши намоишӣ ворид шудааст ва ҳамагӣ 334 мусобиқаро дар бар мегирад.
Аз чорабиниҳои дигари сатҳи баланди варзишӣ дар соли 2023 Бозиҳои 2-юми соҳилии ҷаҳонии ANOC мебошад, ки моҳи август дар Балии Индонезия ба нақша гирифта шудааст ва варзишгарони мо дар сурати ба даст овардани роҳхат имкони иштирок дар онро доранд.
Тими мунтахаби футболи кишвар дар Ҷоми Осиё-2023 ширкат хоҳад кард, ки эҳтимол охири сол дар Қатар доир гардад. Ҳамчунин, дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола моҳи май дар Тайланд ва ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон моҳи март дар Ӯзбекистон дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё иштирок мекунанд.
Тоҷикистон аз 2 то 4-уми июн бори аввал Гран Прии ҷудоро мизбонӣ мекунад. Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт баргузор хоҳад шуд.
Дар Чемпионати ҷаҳонии куштӣ, ки моҳи сентябр дар Белгради Сербистон баргузор мешавад, дар ҳар вазн (6 вазн куштии юнонӣ-римӣ, 6 вазн куштии озод, 6 вазн куштии бонувон) 4 роҳхати олимпӣ дода мешавад.
Дар Чемпионати ҷаҳонии варзишҳои обӣ моҳи июл дар Фукуокаи Ҷопон дар намуди эстафета ва даставӣ 3 роҳхати олимпӣ тақсим мешавад. Дар намудҳои инфиродӣ варзишгарон бояд меъёрҳои муқарраркардаи Созмони ҷаҳонии варзишҳои обӣ (World Aquatics)-ро иҷро кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ