Муҷозоти ду ҷудокори тоҷик – Муллораҷаб ва Ҷаҳонгир
Федератсияи байналмилалии ҷудо ду ҷудокори тоҷик — Муллораҷаб Халифаев (-66 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг)-ро барои қайди нодурусти шаҳрвандӣ дар системаи ин федератсия муҷозот ва тамоми холҳои бадастовардаи онҳоро бекор кардааст.
Гуфта мешавад, ки ҷазои мазкур барои қайди душаҳрвандӣ дар системаи Федератсияи байналмилалии ҷудо ба Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидов дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон гуфтааст, ки Муллораҷаб Халифаев, ки як муддат аз номи Русия баромад мекард, дар системаи Федератсияи байналмилалии ҷудо худро аз номи ин кишвар сабт кардааст. Баъдан аз номи Тоҷикистон баромад карда, баъди нигаронии Русия ин федератсия ӯро муҷозот намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин ҷо танҳо хатои техникӣ дар системаи қайди Федератсияи байналмилалии ҷудо аст ва онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ин масъаларо дар наздиктарин фурсат ҳал кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ