Муҳаммад Ҳаниф Атмар: Ба Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон қавл додем, ки…
Бегоҳии дирӯз дар Қасри Миллат мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баргузор гардид.
Ҷаноби Муҳаммад Ҳаниф Атмар зимни мулоқоташ бо журналистон гуфт, ки
«Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон доданд, ки дӯстию бародарии Афғонистон ва Тоҷикистон аз муҳимтарин сармояҳо ва арзишҳои миллии мардуми Афғонистон аст.
Мавсуф ҳамчунин баён намуд, ки аз мулоқот бо яке аз шахсиятҳои барҷастаи аср-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунад:
«Зимни баррасии мавзӯоти амният ва суботи минтақавӣ мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткорӣ таъкид гардид. Ба дарёфти роҳҳо ва василаҳо бар зидди ин падидаҳои номатлуб, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Масъалаҳои тақвият ва таҳкими бештари муносибатҳои неки ҳамҷавории ду кишварро низ баррасӣ намудем».
Муҳаммад Ҳаниф Атмар инчунин илова намуд: «Дар ҳоли ҳозир дар минтақаи мо мушкилоти терроризм, ифротгароӣ, маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфта пайдо шудааст. Мо ба Сарвари давлати Тоҷикистон итминон додем, ки Афғонистон дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, маводи мухаддир содиқ ва қобили эътимод хоҳад буд».
Мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳор намуд, ки аз муносибатҳои ҳамкории имрӯзаи ду кишвар розӣ ҳаст ва омодаи идома ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ