Мудири ширкати “Арса” бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки Мудири ширкати “Арса” Одилов Қ.М. дар давраи фаъолияти кориаш аз моҳи декабри соли 2023 то апрели соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, дидаву дониста аз он, ки ҷамъияти ӯ бо ширкатҳои кортаъминкунандаи давлати Британия Кабир шартномаи ҳамкорӣ надорад, барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ равон кардан, аз шаҳрвандон аз 22 000 то 25 000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Одилов Қ.М. дар маҷмӯъ зиёда аз 550 000 сомониро бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ҷамъоварӣ намуда, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, аз ҳисоби ин маблағ автомашинаи тамғаи ТОЙОТА “ЛЕНДКРУЗЕР” харидорӣ намуда, боқимонда маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф ва тасарруф кардааст.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Одилов Қ.М. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати номбурда чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ