Мухолифони Де Каприо: «Нақши Мавлоноро як мусалмон бояд бозад»
Як гуруҳ мухолифони Де Камрио бо ҷамъ кардани имзо аз коргарони филми «Мавлоно» хостаанд, нақши Мавлоноро Де Каприо дар ин филм бозӣ накунад.
Мухолифони Леонардо Де Каприо мегӯянд, нақши Мавлоноро бояд як нафар актёр аз минтақаи Ховари Миёна иҷро кунад, зеро агар чунин нашавад, «коргардон аз ин тариқ эътибори дастовардҳои як шоири мусалмони эрониро ба як марди сафедпӯст ихтисос медиҳад». Онҳо, ки ба мухолифат аз нақш бозӣ кардани Де Камрио дар филми Мавлоно имзо ҷам кардаанд, иддао мекунанд, ки интихоби ин актиёр барои иҷрои нақши Мавлоно «масхара ва тавҳиномез» ба шахсияти ин шоири бузург аст.
Бар илова ин, далели дигар мухолифати онҳо бо бозии Леонардо Де Каприо дар он аст, ки гӯё бо дидани филм тамошобин дар тасаввураш Мавлоно бо пӯсти сафед, мӯйҳои баланд ва чашмони обӣ тасвир мешавад, ки он бархилофи симои ин шоири эронӣ аст.
Инчунин, онҳо мегӯянд, ҳоло, ки мусалмонон то андозае бо мафҳумҳои терроризму ифротгароӣ шинохта мешаванд, вақт аст, ки як актиёри мусалмон дар ин нақш бозӣ кунанд? чеҳраи Мавлоноро биофарад ва дастовардҳои ин шоири бузург ба номи мусалмонон нишон дода шавад, зеро агар чунин нашвад, дар ин лаҳзаи муаррифии як шахсити мусалмон роҳи шуҳрати як сафедпӯсти фарҳанги дигар боз мешавад.
Ин ҳарфу ҳиҷо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки филмсози машҳури Фаронсавӣ Дэвид Франзонӣ, барандаи ҷоизаи «Оскар» барои филми «Гладиатор» тасмим гирифт, то дар бораи зиндагономаи шоир ва муттафаккири форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ филм ба навор гирад. Ӯ нақши филмро эҳтимолан дар ин филм бар уҳдаи ҳунарманди машҳури Голивуд Леонардо Де Каприо вогузор кунад.
Коргардон Дэвид Франзонӣ ва таҳиякунандаи ин филм Стефан Ҷуел Броун ҳафтаи гузашта барои зиёрати мақбараи Мавлоно дар Қуния ва суҳбат бо мавлоношиносон вориди Туркия шудаанд.
Дар ин бора нашрияи маъруфи бритониёии “The Guardian” хабар дода, афзудааст, ки наворбардории ин филм соли оянда дар назар гирифта шудааст. Ба иттилои манбаъ Дэвид Франзонӣ ва Стефан Ҷуел Броун гуфтаанд, барои интихоби бозигарон дар нақшҳо ҳанӯз барвақт аст, аммо мехоҳанд Леонардо ди Каприо дар нақши Мавлоно ва Роберт Ҷон Дауни дар нақши Шамси Табрезӣ бозӣ кунанд.
Дастандаркорони ин филм зимни як мусоҳиба гуфтаанд, ки онҳо мехоҳанд тавассути ин филм тасаввуроти мардуми Амрико ва Ғарбро нисбат ба дини ислом дигар кунанд.
«Чанд сабаб аст, ки мо қарор додем дар бораи ин мутафаккир ва шоири суфӣ филм ба навор бигирем. Яке он аст, ки номи Ҷалолиддини Румӣ дар Амрико машҳур аст ва мардум мехоҳанд, ки дар бораи зиндагиаш маълумот дошта бошанд» — гуфтааст Дэвид Франзонӣ.
Ҳамчунин, ин филмноманавис, ки ба қарибӣ дар Қуния буд, мегӯяд зиндагии Румӣ роҳи тайкардааи Шекспирро мемонад ва осори ӯ арзиши ҷаҳонӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷаллолиддини Балхӣ чанд сол пеш дар Амрико бо забони англисӣ баргардон шуд ва шурӯъ аз соли 2012 яке аз серхаридортарин китобҳо дар Амрико маҳсуб меёбад. Ин гуна шӯҳрат китоби Мавлоноро дар Аврупо низ думболагир аст.
Девид Франзонии 69-сола аз филмноманависҳои маъруфи Амрико буда, маъруфтарин филмномаҳои ӯ “Шоҳ Артур”, “Гладиатор”, “Амистад” ва “Ҷек-попригун” мебошанд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Ӯ гуфтааст, ки сенарияи филми Мавлоноро то оғози соли оянда ба охир мерасонад ва даррав ба наворгирии филм шурӯъ хоҳанд кард.
Аммо мунаққидони кино даъвати ди Каприоро ба нақши Мавлоно хуш напазируфтанд. Онҳо ба ақиде ҳастанд, ки ин ҳунарманди Голливуд ба шоири форс, ки дар Тоҷикистон зода шудаву дар Балх бузург шудааст, ҳеҷ шабоҳат надорад. Ҳамчунин, киношиносон Роберт Дауни хурдиро лоиқион нест.
Я
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ