Муин Ғафуров муштзани UFC шуд
Варзишгари сабуквазни тоҷик Муин Ғафуров бо қавитарин лигаи ҷаҳон шартнома баст, ки рӯзи 3-юми июн дар мусобиқаи UFC оид ба ESPN 46 дар Лас Вегас баромад мекунад.
«Мо бо UFC шартнома бастем. Ман рӯзи 3-юми июн ҷанг мекунам»,- навиштааст размовари 27-сола дар саҳифаи Instagram-аш бидуни зикри номи рақиб.
Соли 2021 Муин Ғафуров барои ворид шудан ба UFC тавассути шоуи интихобии Дана Уайт аз Contender Series кӯшиш кард, ки дар он аз Чад Анҷелигери канадагӣ мағлуб шуд.
Пас аз он Ғафуров дар зери парчами Legacy Fighting Alliance ду пирӯзӣ ба даст оварда, Ҳерберт Рейс де Соуза ва Диего Силваро нокаут кард. Ҳамчунин, ӯ дар созмонҳое чун ONE Championship, ACB ва UAE Warriors баромад кардааст. Дар маҷмуъ, Ғафуров 19 пирӯзии касбӣ, аз ҷумла 18 ғалабаи зуд ва 4 шикаст дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ