Мулоқоти ошиқона. Маъшуқа қурбон шуду ошиқ зиндонӣ
Дар шаҳри Истаравшан ҷавоне барои “мулоқоти ошиқона” ба хонаи зани 27-солаи сокини ин шаҳр рафта, бо огоҳ шудани модари духтар дӯстдоштаашро 3 корд зада, модари духтарро маҷруҳ кардааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷавон, ки пеш бо моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, акнун бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ боз дастгир гардидааст.
“Номбурда рӯзи 4-уми июл, тахминан соати 23:00 барои анҷом додани муносибатҳои ошиқонааш ба хонаи истиқоматии дӯстдоштааш, зани 27-солаи сокини шаҳри мазкур меояд. Аз ин ҳолат модари охирон, зани 47-сола огоҳӣ ёфта, аз дохили ҳуҷраи зисташ корди хоҷагиро гирифта, бо мақсади аз хонаи истиқоматиаш гумонбаршавандаро рондан таҳдид намудааст”,- хабар медиҳад ВКД.
Ин ниҳод меафзояд, ки “дар натиҷа баҳсу муноқиша сар зада, гумонбаршаванда кордро аз дасти ҷабрдида гирифта, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан зани 27-соларо 3 маротиба ва модарашро 1 маротиба корд задааст”.
Ба иттилои манбаъ, духтар аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расида ва модараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ҳоло нисбати гумонбаршаванда бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ