Мулоқоти Раҳмонзода бо раиси Ассотсиатсияи медияи миллии Ӯзбекистон

Рӯзи 22-юми июни соли ҷорӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо раиси Ассотсиатсияи медияи миллии Ӯзбекистон Шерзодхон Қудратхоҷа мулоқот доир намуд.

Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои гуманитарӣ, мубодилаи ахбори электронӣ ва иттилоотӣ, ҳарчи бештар инъикос кардани дастовардҳои ҳар ду кишвар, таблиғи суннату анъанаҳои ҳамдигарӣ ва васеъ пахш кардани муваффақияту дастоварҳои ҳар ду мамлакат тариқи телевизион ва радиои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ изҳори назар намудаанд. Раиси Ассотсатсияи миллӣ иброз доштааст, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар баробари шабакаҳои давлатӣ инчунин 18 шабакаи телевизионии ғайрирасмӣ, 19 шабакаи радиоӣ ва беш аз 100 васоити ахбори оммаи электронӣ фаъолият менамоянд ва ҳамарӯза ахбори ҷаҳон ва кишварро саривақт пахш менамоянд.

Ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод намудааст, ки омодаанд бо ҳамкасбони тоҷикашон дар бораи таърих, анъана, урфу одат, ҳунарҳои миллии мардуми тоҷик ва ӯзбеки муқими Тоҷикистон гузоришу хабарҳо пахш намоянд ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистонро тариқи шабакаҳои телевизионии кишварашон намоиш диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *