Мулоқоти раиси БМТ бо ҳайати Департаменти хазинадории ИМА

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Департаменти хазинадории ИМА, таҳти роҳбарии мушовири калони Гурӯҳи хизматрасониҳои бонкию молиявии ин ташкилот хонум Паула Ҷонс мулоқот кард. Ҷонибҳо масъалаҳои лоиҳаҳои муштараки татбиқшаванда ва самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз саҳми назарраси Департаменти хазинадории ИМА дар татбиқи кӯмакҳои техникӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар самти иваз намудани низоми амалкунандаи автоматишудаи Бонки миллии Тоҷикистон (Core Banking System), татбиқи ислоҳоти соҳаи суғурта ва бунёди инфрасохтори он, беҳтар кардани раванди таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони низоми суғурта ва тарҳрезии бизнес-равандҳои Бонки миллии Тоҷикистон (BPMN 2.0), ташкили нишондиҳандаҳои калидии хавфи амалиётӣ ёдовар шуда, ба ҳайати Департаменти хазинадории ИМА миннатдорӣ баён намуд”,-иттилоъ медиҳад шуъбаи матбуоти БМТ.

Бино ба иттилои манбаъ, дар идома ҷонибҳо доир ба лоиҳаҳои нав дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла пешгирӣ ва бартараф намудани хавфҳои амалиётӣ, бозомӯзии кормандон ва омода намудани хавф менеҷерҳои соҳавӣ, таҳлилу баррасии маълумотҳои омории пешниҳодшавандаи низоми суғурта, дар таҷриба ҷорӣ намудани низоми муосири ҳисоботдиҳии соҳаи суғурта ва дигар масъалаҳои дахлдор табодули назар намуданд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои минбаъда мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва кормандони ташкилотҳои суғуртавӣ дар чорабиниҳо оид ба такмили ихтисос ва табодули таҷриба бештар ҷалб карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *