Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо вазири амнияти ҷамъиятии Чин
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо вазири амнияти ҷамъиятии Чин Ван Сяохун мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 10 сентябр зимни мулоқот масъалаҳои муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин таҳкими иқтидори дифоии марзи Тоҷикистон ва заминаи моддию техникии мақомоти корҳои дохилӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ