Мулоҳизае чанд пиромуни он ки чаро аҳли қалам иттиҳод надоранд?…
Ҳар ҳафта як рӯз ба дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ сар мезанам: ба мушкил дӯкон гуфтан лозим, дар тамоми шаҳр фурӯшгоҳҳои махсуси маҳсулоти матбуоти даврӣ шояд ангуштшумор бошанд, дар ағлаби онҳо газетаву маҷаллаҳо шояд як фисадро ташкил кунад, дигар дар ин дӯконҳо аз сигору бозича то ҷӯробу дастмол — ҳама чизҳоро пайдо кардан мумкин. Яъне як дӯконе, ки ба ҳама тақозои замонавии фурӯшгоҳи матбуот псухгӯ бошад, надидаам. Поинтар мефаҳмонам, ки чаро суханро аз дӯконҳо сар кардам…
Ҳоло дақиқан ба хотирам нест, ки аз кай қаламкашӣ ё журналистикаро ҳокимияти чаҳорум хондаанд… Маънои ҳокимият ҳукумат кардан, идора кардан аст, табиист, ки ин ҷо ин вожа ба маънои маҷозиаш омадааст: ба таҳрик овардани ҳушу ёд ва тафаккуру зеҳни ҷомеа. Тамоми прогресси олам аз он оғоз мешавад, ки одамон дар зеҳну шуурашон ба дигаргуниҳо омода шаванд, зарурати зиндагии беҳтар ва масъулият барои чунин зиндагиро эҳсос намоянд, яъне сухан аз омодагии қалбиву руҳӣ ва ақлии инсонҳо дар ҷомеа ва давлате меравад, ки хешро ҳуқуқбунёду демократӣ эълом кардааст. Як шарти муҳими чунин кишвар ва ҷомеадорӣ озодии матбуоту василаҳои дигари иртиботиву намоишӣ ва барои чунин озодӣ масъулият доштани аҳли қалам аст.
Аммо масъулият дуҷониба аст: давлат бояд (вазифадор аст тибқи қавонини мардумсолорӣ) шароит муҳайё кунад ва аҳли қалам уҳдадоранд, ки тибқи ин шароит рисолати хешро анҷом бидиҳанд…
Чанде қабл як далели дар матбуот паҳншуда дар хусуси он ки сарвазири Бритониё ҷаноби Борис Ҷонсон дар замони маҳдуди густариши бемории ковид дар чанд шабнишинӣ иштирок кардааст, тамоми ҷомеаи ин кишварро аз ин роҳбар дилсард кард: чӣ тур мешудааст, ки ин мард ба қонуни умумӣ, ки яке аз ташаббускоронаш худаш буд, итоат намекунад… Се маротиба узр пурсид, вале боз роҷеъ ба эътимод ба ӯ раъйпурсӣ шуд…
Ин як мисоли одист аз ҳазорҳо мисолҳое, ки ҳамарӯза дар кишварҳои Ғарб ба мушоҳида мерасад. Албатта, барои ба чунин сатҳ расидан барои кишварҳои осиёӣ, аз ҷумла барои мо шояд як марҳалаи том лозим бошад… Ҳатто дар Русия, ки ҳама давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз зери нуфузаш қарор доранд, дар масъалаи муносибати давлату аҳли қалам мушкилоти зиёд вуҷуд дорад, махсусан дар масъалаи ихтилофи русу украин… Агар “ҷанг” гӯӣ, ҷазоят медиҳанд, агар “амалиёти махсуси ҳарбӣ” бигӯӣ, одами ватандӯст ва аз ҷиҳати сиёсӣ зирак ҳастӣ… Ин ҷо нуқс дар шинохти воқеиятҳост: дар сиёсат, мисли адабиёти ҳунарӣ ҳамеша муҳтаво ё мазмун бар шакл имтиёз дорад… Дар Амрико сияҳпӯстони нажоди негроидро агар “негр” гӯянд (ки воқеан пӯсташон сиёҳ аст), ҳамчун табъизи нажодӣ ҳукм дорад… Ду мисол, ки аз авлавияти шакл бар мазмун гувоҳӣ медиҳанд, ки бояд баръакс бошад… Аммо мисоли аввал маънои даҳанбандии мардумро дорад, хусусан патсифистонро, мисоли дувум — барои иттиҳоди миллат хидмат мекунад…
Агар ҳамин пойгаҳи андешаро барои ибрози андешаҳои сонӣ ба хотир бигирем, бисёр хуб мешавад. Сухан аз созанда ва ё сӯзандагии калом меравад, ки аслиҳаи аслии аҳли қалам ва ба таъбири хунуки имрӯза — журналистон аст. Чанд моҳи ахир як идда қаламкашон дар кишвари худамон мавриди озор барои сухан гуфтанашон шуданд ва банда, мисли ҳазорон касони дигар хулоса кардам, ки ин қишри ҷомеа ҷамъияти парокандаро мемонад…
Иттиҳоди аҳли қаламро ҳамон вақт иттиҳод гуфтан мумкин аст, ки агар дар лаҳазоти мушкил дасти ҳам бигиранд ва чун ангуштони як мушт гирди ҳам биёянд. Мушкили ба сари як қаламкаш омада бояд ҳамчун мушкили ҳамагонӣ фаҳму дарк шавад… Агар журналисте барои кораш мавриди ҷазои ғайриқонунӣ қарор гирифт, ё баррасии судӣ дар мавориди гуногуни иттилоърасонӣ оғоз гардид, ҷамъияти воҳид будани аҳли қалам бояд собит шавад, вагарна чӣ лозим ин қадар созмонҳои зиёде, ки дар номҳояшон вожаҳои Шӯро ва ё Иттифоқ доранд?…
Банда ба ин назарам, ки барои ба хотири рушди ҷомеаву давлат ва ҳар сокини кишвар кор кардани аҳли қалам ва пешгирии ҳар навъи ихтилоф миёни сохторҳои давлатӣ ва қаламкашони алоҳида бояд система бошад ва он кор кунад. Як навъ мақоми ҳамоҳангсозе бошад, ки зудамал бошад ва дар он одамони босавод шомил гарданд. Агар чунин мақом таъсис шавад, пас, дигар сохторҳое, ки ҳоло бо ҳар ному унвон амал мекунанд, зарурат надоранд. Масалан, банда зарурати фаъолияти Иттифоқи журналистонро намебинам. Танҳо ду рӯзе ҳаст, ки ин созмон аз вуҷуди худ дарак медиҳад: рӯзи матбуот, ки авҷоавҷи туҳфаву мукофотсупурданҳост ва чанд сол пас анҷуман, ки бисёр ноаён мегузарад… Баъди сари зиндаёд Акбари Саттор ҳамин қадар кор шуд, ки гувоҳномаҳоро бо пардохти дусад сомонӣ иваз кардем ва… тамом. Агар даъвӣ ин бошад, ки матбуоти маҳалҳоро (ноҳияву вилоятҳоро) бозсозӣ мекунанд, пас, ин амали онҳоро истиқбол бояд кард. Ба шарте, ки вазъи иқтисодӣ мусоидат кунад. Рӯзномаҳои маҳаллӣ ҳамон вақт истиқлол меёбанд, ки агар озод бошанд, агар нашрия аз пули сохтори маҳал бошад, пас ҳайфи коғазу қалам гуфтан лозим. Ҳоло мо ягон санаде надорем, ки фаҳмида бошем: чанд нашрияи озод (яъне худкифо, бо буҷаи худаш фаъолияткунанда) ва чанд нашрия дар сатҳи маҳал дорем, ки аз буҷаи мақомоти идораи маҳал интишор мешаванд. Ба ҳар сурат ки бошад, бо назардошти вазъи умумии иқтисоду молияи кишвар нашрияҳои маҳаллӣ наметавонанд фаъолияти мунтазам ва ба нафъи мардум дошта бошанд. Ягона коре, ки мекунанд, санадҳои маҳаллиро чоп мекунанду халос… Аз матолиби танқидӣ барои ислоҳи мушкилоти маҳал ҳоҷати сухан ҳам нест…
Нашрия (дилхоҳ нашрия, чӣ маҳалливу чӣ марказӣ) агар матолиби танқидӣ (ошкор намудани нуқсу иллатҳо, ба баррасӣ кашидани ин ё он тадбир, баҳс сари мавзуоти муҳимми иҷтимоӣ ва ғайра) чоп накунад, нашрияи воқеӣ ва лозим ҳисоб шуданаш ҳеҷ мумкин нест… Журналистика бояд майдони гирудори масъалаву муаммоҳо, пешниҳоди идеяҳо, таҳрик додани ҷомеа ба ҳадафҳои нек бошад, агар инҳо набошанд, пас, журналистика хасакист, ҳубоби болои мавҷро мемонад…
Дигар сохторе, ки бино ба иқрори роҳбараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ройгон амал мекунад ва рисолатҳое дорад, Шӯрои ВАО аст. Банда ягон ҳисоботи ин шӯроро нахондаам, то ҳарфи санҷида бигӯям. Аммо аз чанд ҳодисаи ахир чунин хулоса мекунам, ки мавқеи ин сохтор чандон устувор нест, гӯё корҳое мекунад, аммо аз он корҳо барои ҷомеаи қаламкашон чӣ нафъе ҳаст, намедонам… Боз ҳаст НАНСМИТ, ҳаст “Хома”, ҳаст Академияи ВАО ва чанд сохтори дигар. Азбаски ҳамаи инҳо ҳар яке ба сари худ фаъолият мекунанд, вале бо ҳам робита надоранд, чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки ҷомеаи журналистон пароканда аст, ҷомеаи воҳид нест… Ҳамин ҳодисаи як бор раддияву баъди чанде зиддираддия ба табъ расонидани бархе нашрияҳо гувоҳи парокандагии ҷомеаи аҳли қалам ва адами як системаи муайян дар фазосозии журналистони ҳирфаист.
Аз рӯи бархе аломату нишонаҳои муҳим Тоҷикистони имрӯза марҳалаи маърифат ё маорифпавариро пушти сар мекунад, ки давраи ниҳоят ҳассос ва пурмасъулият аст. Тақрибан дусад сол қабл кишварҳои аврупоӣ ҳамин марҳаларо пушти сар карда, имрӯз нигини тарзи хуби давлатдорӣ дар ангуштарии олам гаштаанд. Муборизаву талош барои аз байн бурдани ҳама камбудҳо дар низоми маорифу илму ҳунар, хурофоту тангназариҳо, ривоҷи ҷунбиши секулорӣ аз як сӯ, аз ҷониби дигар — ҳосил кардани идеяҳои ҷадид барои дурнамои рушди давлату ҷомеаҳо бархе кишварҳоро ончунон пешрав кард, ки мо бо ҳавас ба онҳо менигарем ва мисли онҳо буданро орзу мекунем. Бояд гӯям, ки яке аз авомили асосии ин гуна пешрафтҳо матбуот буд, ки бо ғояҳои тараққихоҳонааш рисолати раҳнамо будан ба давлату давлатмардонро иҷро мекард…
Таърихи матбуоти баъди ҷанги дувуми ҷаҳон гувоҳ аст, ки дар Ғарб матбуот муҳаррики асосии дигаргуниҳо шуд: ҳатто сарвазирону сарварони давлат ҳамарӯза корашонро аз қироати рӯзгомаҳои субҳгоҳӣ оғоз мекарданд. Муҳимтарин кор ин аст, ки аҳли қалам бояд такондиҳандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бошанд. Ҳам таконбахш ва ҳам раҳнамо. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки фаразан аз як гуруҳи хурди шоҳмотбозон ё иттиҳоди волидони як мактаб, ё як ҳизб, ё як созмони ҷамъиятии назорати кӯдакон ва ғайраву ҳоказо иборат аст, ҳамеша ба кумаки мафкуравии аҳли қалам ниёз дорад. Аз ин ҷиҳат, агар ҷомеаи аҳли қалам устувору маҳкам нест, пас, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам нест, яке бе дигаре наметавонад коре анҷом диҳад. Ҳол он ки, сутуни асосии неруи давлат (дилхоҳ давлат) ҷомеаи шаҳрвандист. Ҳама сохторҳое, ки ба қаламу коғаз ва василаҳои электронии иттилоърасонӣ шуғл доранд, ҷузъи ҳамин ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳастанд, чунки бо ҷомеа ҳамарӯза дар робита қарор доранд. Таърихи кишварҳои пешрафта гувоҳ аст, ки ҳар қадар ҷомеаи шаҳрвандӣ низоми дуруст ва неруи баланди таҳлили вазъ дошта бошад, ҳамон андоза қонуният беҳтар таъмин хоҳад шуд. Чаро бархе одамон қонунро рӯирост вайрон мекунанду бе ҷазо мемонанд? Чунки ҷомеаи шаҳрвандӣ суст аст. Ҳама гуна қонун иҷро мешавад, агар назорати он аз ду ҷониб бошад: аз боло (мақомоти иҷрокунанда ва назоратгар) ва аз пойин (ҷомеаи шаҳрвандӣ). Бояд система бошад ва кор кунад.
Соли 1912 нашри рӯзномаи “Бухорои шариф”-ро ба он хотир роҳандозӣ карданд, ки ҷомеаи Бухоро ба ҳамин василаи таъсир ба тафаккури шахшудаи мардум ниёз дошт. Мирзо Сироҷи Ҳаким дар як ҷумла ду нуктаи муҳимро ишора кард, ки дар шумораи аввали ин рӯзнома чоп шудааст: “Бояд мувофиқати вақт ва салоҳи замонаро мулоҳиза кард…”. Мувофиқати вақт, яъне чӣ? Вақти мусоидро аз даст надодан. Салоҳи замона чӣ? Ба эътибор гирифтани вазъи иҷтимоию сиёсӣ, дониста кор кардан ва ҳарфи лозим гуфтан…
Ў дар мақолаи «Ғояти омол» навишт: «… рўзнома беҳтарин асбобе ҳаст дар нашру таъмини маориф ва мувозинаест байни навъи инсонӣ». Аз он давра беш аз сад сол гузашта бошад ҳам, ҳанўз ин андеша моҳият ва зарураташро аз даст надодааст. Ҳамчунин ибораи «маслаки тараққихоҳона», ки дар эъломияи рўзнома чун ҳадафи асосии ин нашрия гўшзад мешавад, қобили андеша аст. Маслаки тараққихоҳона ҳадафи ҳама гуна нашрияҳоест, ки бо омма сарукор доранд. Аз ҳар навъи нашрияҳо, чи расмиву чи мустақил, хонанда барои тафаккури худ мавод меёбад, ҳатто аз кӯчактарин хабар. Муҳим аст, ки ин мавод барои рушди андешаи ў мусоидат кунад, шуурро ба таҳрик оварад, таконе ҷиҳати пешрафт дар амалҳои минбаъдаи ў ба вуҷуд орад.
Маводе, ки чизе барои тафаккур намедиҳад, набуданаш беҳтар. Аслан, сабаби ҳама гуна бефитратиҳо ва нотавониҳо, таассубу бозмондагиҳо рукуди тафаккур аст. Беихтиёр суханони Лев Николаевич Толстой ба хотир мерасад: «Вақте ки фалокате ба сарат омад, бидон, ки ин бало на аз амали ту, балки аз чӣ тарз андеша кардани ту сар задааст».Ин панди муаллифи «Ҷанг ва сулҳ» эҳтиёҷе ба тафсир надорад. Маҳз андеша, ки Синои бузург онро дар радифи анвои панҷгонаи маҳсуссоти ботин мегузорад, инсонро ба маънии томаш ташаккулу такомул медиҳад. Доиман дар истеъмол калимаи “камолот” аст, камолоти илмиву маънавӣ, камолоти ахлоқӣ ва ғайраву ҳоказо. Аммо набояд нодида гирифт, ки меъёри камолот низ андеша аст, чунон ки Августин гуфта: «Камолот — ин андешаву дониши инсон аз бекамолии худи ўст».Ҳар қадар мо аз бекамолии хеш биандешему онро пинҳон накунем ва пайваставу ҳамеша пайи ислоҳи он бошем, ба камолот наздик хоҳем рафт. Байти Бедили бузург ба хотир мерасад:
Бар матлаби баланд ба сахтӣ тавон расид,
Дар кўҳ печутоб хўрад роҳ бештар…
Ҳамин тавр, аз як ҷавони донишгоҳие, ки Осиёи Марказиро аз Осиёи Миёна фарқ намекунад, ё Ҳемингуэйро бори нахуст ҳангоми хатми донишгоҳ мешунавад, набояд ранҷид, зеро ў танҳо маводи дафтарро аз бар кардааст, аммо маводе барои андешаву тафаккур нагирифтааст. Воқеан, дар бораи Ҳемингуэй. Бузургтарин асари адиб — «Пирамард ва дарё»-и ў баъди нашр сарусадоҳои зиёде дар миёни аҳли нақд ба вуҷуд овард: воқеаи сода, сужаи сода, гўиё як ҳодисаи хеле одӣ. На қаҳрамонии муҳташам, на перипетияи тезутунд, хуллас, як саргузашти муқаррарии мўйсафеди моҳигир. Ў дар посух назарияи «айсберг»-ро манзур намуд, ки муҳтавояш бо ду ҷумла чунин аст: қисмати бузурги куҳи яхин зери об аст, танҳо як пораи хурдаш болои об. Нависандаи моҳиятбину тавоно танҳо ҳамон қисмати рўи обро менависад, тафаккури қисми поёнаш, ки бузургтар аст, ба фаҳму дарки хонанда ҳавола хоҳад шуд. Яъне адиб маводи андаке барои андешаи бузург медиҳад, андешае, ки дар ҳар давру замон тобишҳои гуногун пайдо хоҳад кард, андешае, ки боз андешаҳои наву тоза маҳсул хоҳад дод. Фикр мекунам, ки маводи рўзнома низ бояд чунин бошад, аммо ин ҳанўз орзуе беш нест.
«Касе, ки равшану саҳеҳ фикр мекунад, ҳамон гуна эҷод карда метавонад»,- мегўяд файласуфи маъруф Артур Шопенгауэр. Ин беҳтарин шиор барои ҳар рўзномаву ҳафтанома хоҳад буд. Имрўз масъалаи рушди тафаккур, роҳҳои ба мулки андеша ворид намудани ҷавонон, худогоҳиву худшиносӣ ба масоили аввалдараҷаи камолоти маънавии ҷомеа табдил ёфтааст, ғафлату ноогоҳӣ аз мавқеи худ дар миёни омма, адами ҷаҳонбиниву назари густурда ба авзои ҷомеа, нобоварӣ ба худ ва муносибати нигилистона ба низому тартибот ба як навъ бемории иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Илоҷи ҳама гуна коҳиливу бемориву вомондагӣ дар адами рушди фикр аст.
… Филипп Грэм газетаро нахустин мусаввадаи таърих мегўяд. Артур Миллер менависад, ки газетаи хуб ҳамонест, ки миллат дар он мудом дар ҳоли муошират бошад. М. Арнолд журналистикаро адабиёти дар ҳолати давидан арзёбӣ кардааст. Хуго Штейнхаус менависад: «Барои навиштан дар газета ягон хел тахассус лозим нест, аммо барои хонданаш ашё, ҷаҳон ва одамонро то ҳадди комил донистан шарт аст». Аз ҳама аҷиб сухани Наполеон аст: «Ман аз аз сад шамшер дида аз се газета бештар метарсам». Ҷамъбасти ҳама ин гуфтори бузургони сухан, ба андешаи мо, як чиз аст: инсонро ба андешаи неку бади зиндагӣ водор намудан, ки маводаш ҳамоно маъно ва сухани созанда аст. Аммо сухани созандаро озодии сухан мебояд, вагарна он хушку беранг хоҳад баромад. Маҳз озодии сухан имкон медиҳад, ки матбуот дар ҳар марҳилае чаҳор вазифаи аслиашро иҷро бикунад: хабар додану маърифатнок намудан, саргарм кардан ва ниҳоят намоиш додан (ё реклама кардан). Аз ин чаҳор функсия барои матбуоти тоҷик аз маърифатнок намудани омма дида вазифаи муҳимтаре нест, зеро моҳияти ҳама иқдомоти солҳои ахир идомаи даврони маорифпарварист: навсозии сохторҳои иҷтимоӣ, кўшишҳои рушди фарҳангу маънавият, боло бурдани худшиносии иҷтимоию маънавии мардум, ба иҷтимоиёт нигаронидани сиёсати иқтисодӣ ва ғайраву ҳоказо.
Озодии сухан таҳкурсӣ ва ё решаи матбуот аст, ки бидуни он наметавон фаъолияти густурдаи маҷаллаву рўзнома ва ҳафтаномаҳоро таъмин кард. Аммо озодии суханро танҳо ба маънои гуфтани ҳама чизи дар майна пайдошуда набояд фаҳмид. Ончунон ки чунин манзараи номатлуб — ҳарзагўиву жожхоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд ба назар мерасад.
Мутаассифона, на дар сохти буржуазӣ ва на дар сохти сотсиалистӣ озодии баён ба куллӣ дар ҳаёт татбиқ нашуд. Дар ҷомеаҳои худкома аз озодии баён нишоне нест, зеро ҳузури худи шахсиятҳои худрўйи иҷтимоӣ хатаре ба сиҳатии сохтор хоҳад буд. Озодии сухан, қабл аз ҳама, ҳуқуқ аст, ҳуқуқи мустақилона андеша кардан ва мавқеи фикрии хешро доштан ва ҳам баён кардани он ва низ ҳифз карда тавонистани он.
Аз ин рў, яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҳамин аст, ки шаҳрванд барои афкораш таъқиб нагардад ва мавриди табъиз қарор нагирад. Дар кулл, озодии баён маънои озодона баён намудани андеша, ғоя ва мулоҳиза ва ба таври қонунӣ интишор намудани онҳоро дорад. Паҳлуи дигараш — ҳуқуқи дастрасӣ ба сарчашмаи иттилоот. Матбуот имрўз садранга аст ва шарт нест, ки чунин рангорангӣ ба шуури хонанда талқин шавад. Ихтиёри қабул ва ё инкори ин ё он андеша, иттилоот ва ё маҳсулоти дигари фикриро ба хонанда бояд вогузошт. Ин беҳтарин хулоса аст.
Ҳафиз РАҲМОН, публитсист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ