Мулоқоти Завқӣ Завқизода бо Ҳидоят Бишчевич

Рӯзи 20-уми феврал дар Душанбе ҷаласаи нахустини зеркумитаи Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ва Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ баҳри рушд баргузор шуд.

Дар иттилоияи дафтари намояндагии ИА гуфта мешавад, ки ҷаласа сари «Стратегияи миллии рушд то соли 2030», дастгирии буҷет, идоракунии молия ва се соҳаи калидӣ — тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот тамаркуз кард. Ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва Иттиҳоди Аврупоро раҳбари намояндагии ИА дар Душанбе Ҳидоят Бишчевич раҳбарӣ карданд.

Дар ин ҷаласа муовини сардори шӯъба оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар дафтари ИА Франк Ҳесс, аз ҷумла гуфт: «Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки дастгирии буҷети Тоҷикистонро идома диҳад, аммо бояд аз сиёсати макроиқтисодии кишвар, ки ба ҳифзи суботи иқтисодӣ равона карда шудааст, мутмаин бошем».

Ҷонибҳо аҳамияти стратегии ҳамкориро миёни Иттиҳоди Аврупову Тоҷикистонро дар амри идомаи ислоҳот ва рушди иқтисодӣ, таҳкими амният ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъкид кардаанд. Қарор аст, рӯзи 9-уми март дар Брюссел ҷаласаи кумитаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *