Мунира Ҳакимова-ровии шинохта даргузашт

Мунира Ҳакимова, ровии шинохта ва ҳунарманди синамои тоҷик дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар бораи марги Мунира Ҳакимова яке аз дӯстони наздик ва собиқ ҳамкораш Комил Холов хабар дод. Воқеан, Мунира Ҳакимова  ахтари тобони фарҳанги тоҷик,  дастоварди санъати суханварӣ, ганҷи миллат буд, ки  моро тарк гуфт.

Орзу Исоев, ровии барномаҳои фароғатӣ дар ҳошияи даргузашти Мунира мегӯяд, ки ӯро аввали моҳи март барои иштирок дар клипи “Фиребо”-и Нигина Амонқулова даъват карда буд. «Дар шаҳри Бохтар сафари корӣ дошт, аммо омад, иштирок кард! Рақсид! Шоду масрур буд. Он ҷо тасмим гирифтем, сӯҳбате анҷом бидиҳем. 23 март мусоҳибаи Мунира Ҳакимоваро дар барномаи “Ногуфтаҳо” сабт кардем, вале намедонистем, ки охирин сӯҳбатамон аст. Аз модараш ёдовар шуду шеъри ҷонсӯзе хонду гирист… Пеши модараш рафт!»- бо афсӯсу ҳасрат иброз медорад Орзу.

Мунира Ҳакимова дар баробари ровигӣ дар барномаҳои давлатӣ, инчунин, дар базму маъракаҳо иштирок карда, бо ҳунари баланду садои марғуладор онҳоро дар сатҳи баланд мегузаронд.

Мунира Ҳакимова 63-сол дошт, ки имрӯз, 23 май ин дунёро тарк кард. Ба гуфтаи наздикони Мунира, номбурда аввали моҳи май бемор шуда, аввал дар хона ва сипас дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба «1-ум Советский» табобат мегирифт. Ӯ аз бемории пневмания, яъне илтиҳоби шуш ранҷ мекашид. Мунира модари чор фарзанд мебошад.

Мунира Ҳакимова дар солҳои қаблӣ вазифаҳои роҳбарикунандаро низ бар зимма доштааст. Аз ҷумла то вайрон кардани бинои консертии «Кохи Ҷомӣ» -ин кохи муҳташамро роҳбарӣ мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *