Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Уммонро шикаст дод
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар Ӯзбекистон, ки рӯзи 5-уми март дар варзишгоҳи “Локомотив”-и Тошканд бо иштироки 100 ҳазор тамошобин сурат гирифт, бар тими Уммон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Голи ягона ва бурднокро дар дақиқаи 79-уми вохӯрӣ капитани дастаи мо Амадонӣ Камолов ба ҳадаф расонд.
Ҳамакнун, дар даври ниҳоӣ ва ҳалкунандаи марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи чаҳоршанбе, 8-уми март мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ, ки дар ду дидор шаш имтиёз ба даст овардааст, бозӣ мекунад. Бозӣ дар варзишгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон роҳ меёбанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ