Муовини раиси гумруки Суғд боздошт шуд
Фаридун Беназирзода, муовини раиси гумруки шаҳри Хуҷанд, рӯзи 1 май боздошт шудааст. Гуфта мешавад, боздошти ӯ ба давраи кораш дар Агентии зидди коррупсия рабт дорад ва дар чорчӯби амалиёти густардаи мақомоти амниятӣ дар ин Агентӣ сурат гирифтааст.
Манбаъщои итилоотии сомонащо низ тасдиқ карданд, ки Фаридун Беназирзода, муовини раиси гумруки шаҳри Хуҷандро рӯзи 1 май дастгир кардаанд, вале боздошти Беназирзода на ба фаъолияташ дар гумрук, балки ба фаъолиятҳои қаблии ӯ рабт дорад.
Фаридун Беназирзода бар асоси нишондодиФирӯз Холмуродзода, раҳбари собиқи раёсати тафтишоти Агентии мубориза бо коррупсия дастгир шудааст. Худи Холмуродзода аз 20 апрел дар боздошт қарор дорад ва ба зидди ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколати мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Фаридун Беназирзода то ҳафтае пеш раҳбарии раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумруки Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва ба тозагӣ дар мақоми муовини гумруки шаҳри Хуҷанд ба кор сар карда буд.
Фаридун Беназирзода аз кадрҳои наздик ба раҳбари кунунии Хадамоти гумрукАбдуфаттоҳи Ғоиб шумурда мешуд ва дар замони раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия будани Абдуфаттоҳи Ғоиб Фаридун Беназирзода низ дар ин Агентӣ кор мекард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ