Мурда маҷбур кард, ки бонк пулашро диҳад
Дар Ҳиндустон деҳқонон ҷасади ҳамсояи худро бардошта ба бонк оварданд, то аз ҳисоби ӯ барои сӯзондани мурда маблағ гиранд.
Кормандони бонк маҷбур шуданд, ки ба онҳо маблағи заруриро диҳанд менависад Daily Mail. Ин марди муҷаррад дар хонаи танҳоии худ, дар синни 55-солагӣ вафот кард. Ҳамсояҳо пас аз чанд соат мурдаи ӯро ёфтанд. Онҳо хонаи марди фавтидаро кофтанд, то ки барои пардохти ҷаноза пул ё ҷавоҳирот ёбанд. Аммо ҳеҷ чизи арзишманде наёфтанд, вале дафтарчаи бонкиеро пайдо карданд, ки дар он 1600 доллар буд. Ба гуфтаи афсари полис Амрендар Кумар, сокинони маҳаллӣ ҷасади ӯро ба бонк оварданд,то нишон диҳанд,ки соҳиби дафтарча воқеан ҳам мурдааст ва аз ҳисоби пасандози ӯ хароҷоти дафнро диҳанд. Ҳамсояҳои мард то замоне,ки ба онҳо маблағ барои сӯзондани ҷасадро надоданд, якҷо бо мурда дар даромадгоҳт бонк нишастанд. Бонк маҷбур шуд,ки талаби онҳоро иҷро кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ