Муроҷиати Хайринисо Юсуфӣ ба бонувону модарони қирғиз (аудио)

Муовини Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар ростои ҳодисаҳои охири марз гуфтааст, ки “аввалин тире, ки дар дилхоҳ ҷанг зада мешавад, пеш аз ҳама ба синаи занону модарон мерасад”.

Ба навиштаи ӯ дар «Ховар», зеро аз даст додани фарзанд, шавҳар ва ё бародар дарди талхест, ки дар тасвираш қалам оҷизӣ мекунад.

“Мо,  занони тоҷик  ба бонувону модарони қирғиз муроҷиат карда мегўем, ки барои муътадил гаштани вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон саҳмгузор бошанд. Фавран бо иштироки мо, занон аз ҳар ду ҷониб барпо кардани гуфтушунид ба манфиати кор аст. Мо ҷавоби ин даъватро аз ҷониби занони Қирғизистон интизорем, «Таърихи башарият борҳо собит кардааст, ки ҷанг танҳо бадбахтӣ меорад, тамоми мушкилоти оламро танҳо тавассути ба ҳам омадан, маслиҳату машварат кардан метавон осон кард. Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо роҳи осоишта ҳал намудани баҳси марзии байни ду кишвар тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Роҳбарони кишвари ҳамсоя набояд ба чунин аҳдшиканӣ роҳ диҳанд», — тазаккур додааст Хайринисо Юсуфӣ.

Ӯ таъкид кард, ки  дар одобу фарҳанги мардумии халқи тоҷик  қадрдонӣ аз ҳамсояҳо, расидан ба қадри он ва  посдории таомули ҳамсоягӣ мақоми махсус дорад. Дар байни мардуми  мо бо ҳамсоя муросо накардан ин нишонаи бефарҳангист. Тоҷик дар шодию ғами  ҳамсоя   шарик аст. Беҳуда ин зарбулмасал  «Аз хеши дур ҳамсояи қадрдон беҳтар аст» дар байни мардум машҳур нагаштааст.  Мардуми мо бо қирғизҳо  аз як сарчашма об менӯшанд, аз як кӯча мегузаранд, дар як марз зиндагӣ мекунанд ва оқибат дар як мазор сар мегузоранд. Аз ин рў, ин ду ҳамсоя бояд паҳлў ба паҳлў дар фазои дўстию ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар баранд. Чуноне  шоири зиндаёди тоҷик Султон Шоҳзода баён доштааст:

Ман нахоҳам кард хилват дур аз ҳамсояҳо,
Бод бо ҳамсояҳо ҳам буду ҳам нобуди ман.
Чунки рӯзи мурдани ман сӯи гӯристони деҳ,
Мебаранд ҳамсояҳо бар дӯши худ тобути ман.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *