Мушакҳои С-400 моҳи июл ба Туркия мерасанд
Бино ба маълумоти давлати Туркия, аз моҳи июл низоми зиддимушакии русии С-400 ба ин кишвар шурӯъ хоҳад шуд.
Бино ба маълумоти давлати Туркия, аз моҳи июл низоми зиддимушакии русии С-400 ба ин кишвар шурӯъ хоҳад шуд.
Тавофуқи Анкара бо Москва дар мавриди харидории низоми зиддимушакӣ боис шуд, ки байни Туркияву ИМА таниш сар занад. ИМА бовар дорад, маҷмааи С-400 барои ҳавопаймоҳои амрикоии тирандози F-35 хатар эҷод мекунад. Дар Вашингтон гуфтанд, ба далели созиши доду гирифти маҷмуаи зиддимушакии Русия Анқараро аз хариди F-35 маҳрум мекунанд.
Вашингтон, ҳамчунин, Туркияро аз эҳтимоли эъломи таҳримро огоҳ кард. Патрик Шэнахэн, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи Амрико пештар аз ин гуфта буд, агар Туркия аз хариди маҷмааи зиддимушакии русӣ даст накашад, дар он сурат аз хариди ҳавопаймоҳои F-35 маҳрум мешавад.
Раҷаб Тайип Эрдуғонраиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ин масъаларо бо президенти ИМА Доналд Трамп дар нишасти сарони кишварҳои узви «Бистгонаи бузург» моҳи ҷорӣ баррасӣ хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ