Муштзанҳои тоҷик бо дастовез баргаштанд
Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни мактаббачагон ва наврасон, ки дар шаҳри Ал-Айн (АМА) баргузор шуд, натиҷаи аъло нишон доданд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, варзишгарон бо медалҳои зиёд ба Ватан баргаштанд.
Анӯшервон Сидиқов байни мактаббачагон дар вазни то 33 кило қаҳрамон ва Акбар Абдуллоев дар вазни 58 кило медали тилло гирифтанд. Даста инчунин медали нуқра, Фирӯз Бойматов (37 кг) ва Дилшод Сиҷаев (35 кг) биринҷӣ ба даст овард.
Дар сабқати наврасон Билол Иқсанов (54 кг) қаҳрамон ва Умар Асроров (63 кг), Абубакр Азизов (57 кг), Амирбек Маҳрамов (52 кг) ва Сорбон Нурализода (66 кг) барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.
Дар байни духтарон низ комёбиҳо ба даст омаданд:
Фариноз Абдуллоева (54 кг) тилло ва Мино Азимзода (60 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа Анӯшервон Сидиқов беҳтарин варзишгар миёни мактаббачагон эътироф гардид. Ғолибони бахши наврасон бо ҷоизаҳои пулӣ: 6 ҳазор доллар барои тилло, 3 ҳазор доллар барои нуқра ва 1,5 ҳазор доллар барои биринҷӣ сарфароз шуданд. Донишҷӯён мутаносибан ба маблағи 4 ҳазор доллар, 2 ҳазор доллар ва 1 ҳазор доллар мукофот хоҳанд гирифт.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро 14 мактаббача ва 13 наврасон намояндагӣ карданд. Дар ин мусобиқа довари тоҷик Акмал Абдуллоев низ ширкат дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ