Мусичаи бегуноҳ. Дар ҳошияи фоҷиаи Ворух

Саҳифаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз: дашном, таҳқир, таҳдид…

Аз ин ҳама хаста шудам!

Аз ин ҳама бӯи бесаводӣ, бехудоӣ меояд!

Аз ин ҳама:

ҳирс,

бухл,

нотавонбинӣ —

меояд!

Ҷанги Аҳриману Аҳурамаздо шояд охир дошта бошад.

Аммо ҷанги тоҷик охир надорад!

Тоҷик ё бо худиҳо меҷангад,

ё зери шамшери аҷнабӣ ғуломӣ ихтиёр мекунад.

Ин бофтаи хаёл нест!

Ин ҳақиқати 1000 сола аст!

Баъд аз 1000 сол Худованд боз як шонс дод, ки тоҷик худро бишносад.

Аммо тоҷик боз даст ба гиребони ҳамдигар зад.

Ҳама мероси Шӯравӣ гирифтанд.

Тоҷик ҳар чи дошт, аз даст дод!

Шиор мепартояд:

— Мубориза ба хотири АДОЛАТ!.

Ҳарчанд медонад, ки АДОЛАТ фоҳиша аст.

— Дурӯғ торикии имон! — мегӯяд.

Аммо дурӯғ мегӯяд!

Тоҷик:

як забон дораду ҳазор забонбача.

ду тоҷик гиребони ҳамдигар мегирад, тамошобин аст!

бегонае ба тоҷике дармеафтад, гӯшт мегирад!

бандаи худоям, — мегӯяду сояи Ӯро аз девор метарошад!

Миллат, — мегӯяду мушт ба сари сина ва ханҷар ба синаи ҳомиии Ватан мезанад!

Манғите

хонаашро месӯзад,

ба номусаш мерасад,

заминашро соҳибӣ мекунад,

Агар Рустаме бар манғите пирӯз ояд, бо тамаллуқ мегӯяд:

— Тақсир гуноҳи шумо нест, гуноҳи мо тоҷикост! Муросо мекунем! 1000 сол ғулом будем, 1000 соли дигар ғуломӣ мекунем! Саҷдагоҳам пеши қадами шумост!

Аз синасипаркардагон душман,

Аз зархаридону хоинон қаҳрамон метарошад.

— Айби раисонамон,

— Айби вазиронамон,

— Айби вакилонамон, —

мегӯяд.

Боз:

— Мо мусичаи бегуноҳ ҳастем,

— Аз думакамон қайчӣ кунед,

— Аз нӯлакамон мучӣ кунед! —

мегӯяд.

Бо Худо ситеза мекунад, ки чаро Мурғи Ҳумо ба бозуи ВАЙ нишасту ба бозуии МАН не.

Намедонад, ки Худо медонад:

Киро аршнишину киро фаршнишин кунад!

Боз савори аспи ғурур мешавад:

— Агар ман мебудам…

— Агар ман мешудам…

Мегӯянд, ки ҷанг миллатро муттаҳид месозад.

Аммо тоҷикро не.

Ҷанги қирғизу тоҷик инро собит кард!

Боз ҳам ба хотири

Пул,

Мансаб,

Қудрат,

Манфиат,

Нафрат

тоҷик пушти қирғиз мегирад.

Гӯё 1000 сол ғорати молу тохтани занҳошон кам буд.

Деваштич то охирин сарбоз бо лашкари ғоратгари араб мубориза бурд.

Деваштич қаҳрамони ман аст!

Темурмалик рахна бар лашкари муғул зад.

Темурмалик қаҳрамони ман аст!

Бобоҷон Ғафуров номи тоҷикро аз фарш ба арш бардошт.

Бобоҷон Ғафуров қаҳрамони ман аст!

Эмомалӣ Раҳмон давлат сохт, Роғун сохт, аз Ворух дифоъ кард!

Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамони ман аст!

Лошахӯрон,

Чоплусон,

Зархаридон,

Ҳарзагӯён,

Ҳасадхӯрон

Хоинон…..

қаҳрамони ман нестанд!

Чунки теша бар решаи миллат мезананд!

Чунки Ҳеҷанду Ҳеҷ мемонанд!

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *