Мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар Қасри теннис баргузор мегардад

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон фурӯши чиптаҳоро ба аввалин мусобиқаи байналмилалии ҷудо — Гран Прии Душанбе оғоз кардааст.

Бино ба иттилои федератсияи мазкур, билетҳоро барои ҳар рӯзи мусобиқа алоҳида метавон ҳам аз қароргоҳи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон (гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Неъмат Қарабоев-17/1), ҳам аз хазинаи Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе харидорӣ намуд.

Гуфта мешавад, ки нархи як билет 50 сомонӣ буда, маблағи аз ин ҳисоб бадастомада бо дастури президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ба корҳои хайр сарф мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалии ҷудо 2-4-уми июни соли 2023 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *