Мусобиқаи футболи хурд дар ДМТ оғоз ёфт

Дар варзишгоҳи шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи футболи хурд байни устодон ва кормандони донишгоҳ барои дарёфти «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар ин бора сомонаи донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ҳусни оғоз бахшид. Ӯ ҳадаф аз баргузории мусобиқаро пеш аз ҳама дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби кормандону омӯзгорони ДМТ ба тарбияи мунтазами ҷисмонӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона дар дастаҳои воҳидҳои сохторӣ арзёбӣ кард.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ идома мекунад.

Хабаргузории PRESSA.TJ рафти ин мусобиқаро пайгирӣ карда, ба хонандагони худ аз натиҷаи он иттилоъ хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *