Мусобиқаи роҳсозӣ миёни деҳаҳо дар Хатлон
Дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон беш аз 1 ҳазору 720 километр роҳи мошингард таъмиру навсозӣ карда шудааст. Дар назар аст, ки то охири сол боз беш аз 120 километр роҳи дигар азнавсозӣ карда шавад.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон 9 август дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар умум 1 ҳазору 727 километр роҳ ба харҷи 55 миллиону 500 ҳазор таъмиру навсозӣ гардид.
Ӯ афзуд, ки бо саҳми соҳибкорон беш аз 45 километр асфалтпӯш, наздики 120 километр сангфарш ва 17 пули мошингузар навсозӣ шуд. Ба таъкиди вай, то охири сол бо саҳми соҳибкорони ҳимматбаланди вилояти Хатлон боз беш аз 120 километр роҳи автомобилгард таъмиру навсозӣ карда хоҳад шуд.
“Хурсандиовар аст, ки имрӯз дар вилояти Хатлон барои роҳсозӣ миёни деҳаҳо мусобиқа рафта истодааст. Ин бисёр ташаббуси хуб аст. Ин бояд бештар ташвиқу тарғиб карда шавад”,-гуфт раиси вилоят.
Давлаталӣ Саид афзуд, ки ҳоло таҷдиди роҳи мошингарди Левакант — Оқмазор ва Оқмазор — Данғара идома дорад. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик сохтмони роҳи Данғара — Гулистон ва Гулистон — Фархор ҳам оғоз карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ