Мусофир барои роҳкиро таксиронро 42 корд зада кушт

Сокини ноҳияи Ҷайҳун бо ҷурми одамкушӣ дар шаҳри Душанбе зимни як амалиёт боздошт гардид.

Як ҷавони 21 сола 15-уми феврали соли 2021, тахминан соати 20:00, дар кӯчаи Деҳотии пойтахт марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Киблаии ноҳияи Рӯдакиро дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Хундай-Салярес”, ки ба мусофиркашонӣ машғул буд, бо бераҳмии махсус қатл кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД, ҷавон сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун бо ҷурми одамкушӣ зимни як амалиёт боздошт гардид.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда ба узвҳои ҳаётан муҳими ронанда, қисми гардан, қафаси сина аз пешу қафо бо корд зиёда аз 42-маротиба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тафсилоти куштори се зани ҳисорӣ

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *