Мутатсияи нави корона дар Русия: фавт дар як рӯз 890 нафар
Ҳукумати Русия 3-юми октябр гуфт, дар шабонарӯзи гузашта марги 890 касро аз бемории коронавирус сабт карданд. Ин омори баландтарин аз оғози пандемия аст.
Мақомоти Русия гуфтанд, дар шабонарӯзи гузашта бемории зиёда аз 25 ҳазор кас низ тасдиқ шуд. Бештар аз 4 ҳазор нафари онҳо дар Маскав ҳастанд.
Дар умум, то ин дам дар Русия зиёда аз 7.5 миллион кас ба коронавирус мубтало шуда, беш аз 210 ҳазор кас ҷон бохтаанд. Бо вуҷуди ин, аксарият тахмин мезананд, ки шумораи беморону қурбониёни коронавирус кам гузориш мешавад.
Тибқи омори расмӣ, тақрибан 50 миллион нафар аз аҳолии 146-миллионии Русия ҳадди ақал як ваксина гирифтаанд. Дар айни замон дар ин кишвар ягон маҳдудияти вобаста ба коронавирус вуҷуд надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ