Музаффар Ҷорубов: Муҳаммадбоқиров ҳеҷ мақоми мазҳабӣ надошт

Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шаҳри Хоруғ  ва Душанбе ба нашрия як баёния роҳбари шиаёни Тоҷикистон будани Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқирро рад кард.

Тавре дар изҳороти раиси Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шаҳри Хоруғ  ва Душанбе Музаффар Ҷорубов омадааст:

Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шаҳри Хоруғ  ва Душанбе ҳамчун ягона ташкилоти расмии динӣ ва мазҳабии шиаи имомии исмоилӣ дар Тоҷикистон бо истинод ба изҳори расонаҳои хабарӣ, ки сокини шаҳри Хоруғ марҳум Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқировро “роҳбари шиаёни Тоҷикистон” номидаанд, баён медорад, ки ӯ аз назари динӣ ва мазҳабӣ ҳеҷ мақоме ва ваколате барои роҳбарӣ намудани шиаёни исмоилӣ дар Тоҷикистон надошт.

Шиаёни имомии исмоилии Тоҷикистон ҳамчун дигар шиаёни имсомилии низорӣ Волоҳазрат Карим Оғохонро роҳбари ягонаи динӣ ва мазҳабии худ мешиносанд ва дар сатҳи маҳал фаъолияти онро Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо муаррифӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *