Наҷоти ҷавонзане, ки қасди худкушӣ дошт
27-уми декабри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:30 дақиқа, як нафар ҷавондухтари 21-сола, сокини шаҳри Душанбе худро аз тирезаи ошёнаи 7-уми манзили истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур овезон кардааст.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар ш. Душанбе хабар дод. Бо мушоҳидаи ин ҳолат, сокини бинои истиқоматии мазкур шаҳрванд Ризоева Мавлуда ба ошёнаи 7-ум баромада, ҷавондухтарро, ки қасди худкуширо дошт, наҷот додааст.
Дар натиҷаи пешбурди коркардҳои оперативию тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ҷавондухтари 21 -сола бо волидайни худ ва собиқ шавҳараш нофаҳмиҳо доштааст.
Аз ҷумла, 27-уми декабри соли ҷорӣ, дар натиҷаи нофаҳмиҳои қаблан мавҷудбуда, номбурдаро собиқ шавҳараш шаҳрванд Ғафурзода Қиёмиддин Саид, санаи таваллудаш 01.06.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат ба суроғаи кӯчаи С.Айнӣ, ки дар он ҷо ба ҳайси усто фаъолият мекардааст, бурда, мавриди азобу уқубат қарор додааст.
Тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ