Наҷоти 188 нафар аз ҳаводиси фавқулодда

Генерал-полковник Рустам Назарзода, роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки роҳандозии корҳои садамавиву наҷот яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита мебошад.

Вай гуфт, ки дар соли 2021 наҷотдиҳандагони КҲФ 758 (соли 2020-ум 781) баромади фаврӣ анҷом дода, дар натиҷа 188 нафарро аз ҳар гуна хатарҳо наҷот доданд.

Инчунин, вай илова кард, ки имдодгарони ин ниҳод дар як сол 192 амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро дар обҳои кишвар анҷом додаанд.

“Дар баратараф намудани паёмадҳои 9 ҳодисаи лағзиши тарма, 20 ҳодисаи омадани сел ширкат кардаанд”,- гуфт генерал Назарзода.

Ҳамзамон, роҳбари КҲФ иттилоъ дод, ки бо даъвати шаҳрвандон оби пуршуда ва хатарзои 40 таҳхонаро берун кашидаву манбаи хатарро бартараф кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *