Нақшаи даъват аз 40% гузашт
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 40 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи артиш хабар медиҳад.
Аз дафтари матбуоти ин ниҳодхабар додаанд,ки тайи 10 рӯзи даъват вилояти Суғд нақшаи даъватро 44 дарсад иҷро карда, миёни минтақаҳои кишвар пешсаф аст. Иҷрои нақша дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) 44%, Хатлон 37%, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 35% ва дар чор ноҳияи пойтахт 27%-ро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ