Набарди Лоиқ ва Манфио: Лоиқ бохт!
Лоиқ Раҷабов, варзишгари маъруфи тоҷик дар финали мусобиқаи PFL (Professional fight league) бо рақиби бразилии худ Рауш Манфио барои ба даст овардани камарбанд ва ҷоиза ба маблағи 1 миллион доллар рақобат кард ва ин набардро бохт.
Гуфта мешавад, ки ин рақобат имшаб, 28-уми октябр соати 1:30-и шаб бо вақти Душанбе дар Ҳолливуди Амрико оғоз гардад.
Дар бозии финалӣ Лоиқ Раҷабов бо рақиби худ дар рақобати чорумӣ ба майдон омад.
Лоиқ Раҷабов шоми 13-уми август рақиби парагвайии худ Алекс Мартинесро шикаст дода, ба даври финалӣ роҳ ёфта буд. Он вақт варзишгари тоҷик бо натиҷаи 30-27, 30-27 ва 29-28 ғолиб омада буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ