Набераи Президенти собиқ аз Бритониё дархости паноҳандагӣ кард

Набераи калонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов, писари Гулнора Каримова — Ислом Каримови 25-сола аз ҳукумати Бритониё дархости паноҳандагӣ кард. Дар ин бора бахши ӯзбекии радиои Би-би-сӣ бо такя ба вакили дифои Ислом Каримови хурдӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, вай як моҳ пеш дархосташро ба мақомоти Бритониё супурдааст.

Ислом Каримови хурдӣ аз замоне, ки модараш Гулнора Каримова дар Ӯзбекистон таҳти таъқиб қарор гирифт, зиндагиро дар Бритониё ихтиёр кард.

Гулнора Каримова то кунун дар Ӯзбекистон дар ҳабс аст.

Тобистони соли гузашта Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки додгоҳи Тошканд моҳи августи соли 2015 Гулнораро бо айби саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳои ширкати офшорӣ 5 сол зиндонӣ кардааст.

Баъдтар зидди Каримова чанд парвандаи дигар кушода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *