Русҳо “Штирлитси тоҷик”-ро кино мекунанд

Дар Русия дар бораи Раҳим Бурҳонов, фарзанди маорифпарвари шинохтаи аввали асри 20 Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ва ҷосуси машҳури Шӯравӣ, ки ӯро ҳатто „Штирлитси тоҷик” ҳам ном мебаранд, филм  мегиранд.

Бархе қисматҳои ин филмро дар кони “Заполярная” дар Воркута ба навор мегиранд. Раҳим Бурҳонов, ки дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон дар Олмони фашистӣ ҳамчун ҷосус ифои вазифа мекард, баъди ҷанг бо туҳмат маҳкум ба зиндон шуда, дар Воркута адои ҳукм кардааст.

Баъди раҳо шуданаш аз зиндон ва сафед шуданаш Раҳим Бурҳонов ба Душанбе баргашт ва дар Донишкадаи омӯзгорӣ кафедраи забони немисиро таъсис дод. Ӯ соли 1973 даргузашт.

Муаллифи филм дар бораи “Штирлитси тоҷик” Евгений Кожокин, вакили собиқи парлумони Русия ва раҳбари Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии он кишвар мебошад.

Мунзим – падари Раҳим Бурҳонов – сафири Ҷумҳурии Бухоро дар Олмон буд ва аз ин рӯ, писари ӯ дар кӯдакиаш дар Олмон ба воя расида, забони немисиро мисли забони модарӣ хуб медонист. Ба ин далел, дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ӯро бо супориши роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба Олмони фашистӣ фиристоданд, то дар бораи нақшаҳои Олмони фашистӣ маълумот ҷамъ биорад. Ӯ ба саффи роҳбарони СС роҳ ёфт ва дар баҳори соли 1945 ҳатто рутбаи штурбанфюрер (майор)-и СС-ро ба даст овард. Раҳим Бурҳоновро бисёриҳо бо қаҳрамони машҳури филми “17 лаҳзаи баҳор” Макс Отто фон Штирлитс монанд мекунанд ва ҳатто прототипи Штирлитс ва “Штирлитси тоҷик” меноманд. Вале баъди ҷанг ӯро ноодилона ба хиёнат айбдор карда, 10 сол зиндон карданд.

Раҳим Бурҳонов 29 июни соли 1909 дар Бухоро дар хонаводаи маорифпарвари машҳури ибтидои асри 20  Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ба дунё омадааст. Падари ӯ асосгузори нахустин мактаби ҷадид дар Бухоро ва асосгузору роҳбари ҳаракати ҷавонбухориён ё ҷадидон буд, ки барои ислоҳот дар низоми пӯсидаи давлатдорӣ ва маорифи аморати Бухоро мубориза мебурд.

Раҳим Бурҳонов дар солҳои 20 дар Олмон таҳсил кардааст. Бино ба гузориши «Мавҷи Олмон» (Deutsche Welle)  Раҳим Бурҳонов аз ҷумлаи ҷавонону наврасоне буд, ки Ҷумҳурии халқии шӯравии Бухоро барои таҳсил ба Олмон фиристод. Аммо профессор Манфред Лорентс ва Александр Ҳайзер, ду тоҷикшиноси шинохтаи Олмон менависанд, ки сабаби дар Олмон зиндагӣ ва таҳсил кардани Раҳим Бурҳонов ин буд, ки падараш Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар солҳои 20 ба ҳайси сафири Ҷумҳурии Бухоро дар Олмон кор мекард.

Шерзод Бурҳонов, набераи Раҳим Бурҳонов дар суҳбат бо «Мавҷи Олмон» гуфт: “Ӯ дар ҷумҳурии Веймар забони олмониро омӯхт. Раҳим Бурҳонов дар Берлин дар манзили донишманди шинохта Рейҳардт зиндагӣ мекард. Ӯ сипас таҳсилашро дар шаҳри Кеслин дар Померания идома дод. Шояд шавқаш ба забоншиносӣ, шояд часпу талоши худи ӯ буд, ки дар се сол нафақат забони олмониро комилан омӯхт, балки анъанаҳо ва фарзанги мардуми Олмонро низ аз худ кард.“

Баъди бозгашт ба СССР, Раҳим Бурҳонов рабфаки Ленинград, Донишкадаи хоҷагии халқи ба номи Плеханови шаҳри Маскав ва Академияи низомии муҳандисии ба номи Куйбишевро хатм кард.

Дар пайи хатми таҳсил  Раҳим Бурҳонов ба Душанбе  баргашт ва дар Донишкадаи омӯзгорӣ ба ҳайси устод ба фаъолият пардохт. Аммо соли 1943, дар айни авҷи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бурҳоновро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд. Дониши хуби забони олмонӣ сабаб шуд, ки ӯро на ба ҷабҳаи ҷанг, балки ҳамчун ҷосуси Шӯравӣ ба ақибгоҳи душаман бифиристанд.

Манфред Лорентс ва Александр Хайзер менависанд: «Интихоби мақомоти амнияти СССР беҳуда набуд. Тарҷумаи ҳоли ҷолиби Бурҳонов худ баёнгари аҳволи ӯ буд. Ӯ нафақат забонҳои немисиву англисиро хуб медонист, балки ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Олмони он давронро низ хуб мефаҳмид. Худи тарзи зиндагии ӯ низ мисли як олмонӣ буд. Чунин сифатҳое, чун дақиқӣ, поквиҷдонӣ ва боадабӣ аз хосиятҳои табиати Бурҳонов буд. Ин ҳама ба мақомоти амниятӣ далели кофӣ медод, ки ӯро ба сафи худ ҷалб кунанд, хусусан дар он солҳои сахти ҷанг.» 

Баъди тамринҳои махсус Раҳим Бурҳоновро аз марз гузаронда, ба ақибгоҳи душман партофтанд. Вазифаи ӯ даромадан ба боварии мақомоти Олмони фашистӣ ва барқарор кардани роҳҳои робита барои ирсоли маълумот аз фармондеҳии Олмони фашистӣ ба мақомоти Шӯравӣ буд. Раҳим Бурҳонов бояд аз ҷумла маълум мекард, ки роҳбарони Олмони фашистӣ дар мавриди Осиёи Марказӣ чӣ нақша доранд?

Муаррихи тоҷик Сайфулло Муллоҷонов дар суҳбат бо “Мавҷи Олмон” дар ин бора гуфт: “Шоҳидон мегӯянд, дониши комили забони немисӣ ба ӯ имкон дод, ки ба ситоди идораи ҷосусии фашистон ворид шавад ва ба мақомоти ҷосусии Шӯравӣ дар бораи нақшаҳои Вермахт маълумот диҳад. Бурҳонов Штирлитси тоҷик буд.”

Бурҳонов даро Олмони фашистӣ то ба рутбаи штурмбанфюрер расид ва ғалаба бар фашизмро дар бемористони Карлсбад (ҳоло шаҳри Карлови Вари дар Чехия) пешвоз гирифт.

Ӯро барои хидмати ҷасуронааш дар ақибгоҳи душман бо ордени Байрақи Сурх ва чандин медал сарфароз гардониданд, вале баъди чанде бо туҳмат ба хиёнат айбдор карда, зиндониаш карданд.

Раҳим Бурҳонов ҳатто дар зиндон, ки ҳукмашро дар Воркутаи иқлимаш қаҳратун адо мекард, ором наменишаст. “Мавҷи Олмон” менависад: “Дар зиндони Воркута Бурҳонов ду китоб навишт: Луғати муколамавии тоҷикиву немисӣ ва “Фонетикаи забони немисӣ”. Ба ҷои қоғаз ӯ қоғази ресептҳои тиббиро истифода мебурд ва ба ҷои муқова – пайтобаҳои кӯҳнаро.”

Танҳо дар соли 1956, баъди мурдани Иосиф Сталин, Раҳим Бурҳонов аз маҳбас озод шуд ва ба Душанбе баргашта, дар Донишкадаи омӯзгорӣ кафедраи забони немисиро таъсис дод.

Ӯ дар солҳои поёни умраш ба навиштани муҳимтарин асари зиндагии худ – Луғати немисӣ ба тоҷикӣ – сар кард. Ба гуфтаи наберааш, шабҳо то соати се рӯи ин луғат кор мекард ва субҳ алакай соати 6 мехесту ба кор мерафт.

Раҳим Бурҳонов соли 1973 дар синни 64 аз олам чашм пӯшид. Умр даст надод, ки ӯ «Луғати немисӣ ба тоҷикӣ»-и навиштаашро чоп кунад. Ин китобро танҳо баъди 30 соли даргузашти Раҳим Бурҳонов шогирдаш Хайрулло Сайфуллоев ҳамроҳ бо профессори Донишгоҳи Гумболдти Берлин Лутс Жеҳак такмил ва иборат аз 55 ҳазор калима нашр карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *