Намояндагони доираҳои Эрон дар Хатлон

Роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вилояти Хатлон омаданд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо онҳо мулоқот карда, гуфтааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз нахустин шарикони Тоҷикистон дар таърихи соҳистиқлолии кишвар буда, ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои муҳими Тоҷикистон ва минтақа мушорикати фаъол доранд. Ӯ афзудааст, ки сафарҳои расмии сарварон ва дигар мақомоти баландпояи ду кишвар аз соли 1992 то кунун, гувоҳи эҳтимоми ҷиддии тарафайн барои тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф мебошад.

«Давоми беш аз 30 соли равобити дипломатӣ ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд. Як қисми маҳсулоти мо ба хориҷи кишвар ҳамчун ашёи хом содирот карда мешавад. Ҳамасола дар Хатлон қариб то сесад ҳазор тонна ва беш аз шаш ҳазор тонна пашм истеҳсол мегардад»,- гуфтааст раиси вилоят.

Ба иттилои расида, беш аз 18 дарсади сармояи хориҷии воридшуда ба иқтисодиёти вилояти Хатлон мансуб ба Эрон мебошад.

Маҳдӣ Асадуллоҳпур, намояндаи ҳолдинги “Алмос-Нерӯ”-и Эрон гуфтааст, ки мақсади дидору мулоқоти раҳбарони ширкатҳои эронӣ бо роҳбарияти вилояти Хатлон пешниҳоди ироаи хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ, интиқоли технолоҷӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии арсаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *