Намози ҷумъа, занги телефон ва раиси ноҳия
Шаҳри Душанбе. Масҷид. Намози ҷумъа. Мулло-имом тариқи баландгӯяк амри маъруф дорад. Анбуҳи чандсаднафараи намозгузорон ҳам дар дохил ва ҳам дар саҳни масҷид бодиққат гӯш ба ҳарфҳои домулло додаанд.
Нохост телефони як нафаре, ки дар қатори аввал, дар назди домулло нишаста буд, занг мезанад. Мард бе ягон шитобкорӣ оҳиста даст ба ҷайб бурда, телефонро гирифтанӣ мешавад. Садои мусиқӣ диққати мулло-имомро ба худ ҷалб мекунад, вале ӯ кӯшиш менамояд аҳамият надиҳаду аз мавзуъ дур наравад. Аммо мусиқии телефон ба зудӣ қатъ намешавад ва ин чиз нигоҳҳои норозиёнаи нафарони наздик ба имоми масҷид нишастаро ба бор меорад. Ин ҳолатро дида, мулло-имом дигар тоқат накарда, ба мард муроҷиат намуда, мегӯяд:
— Эй бародар, охир зудар хомӯш кунед телефонатонро!
Чунин ба назар мерасад, ки гӯё мард мусиқии телефонро хомӯш карда наметавонад. Ин дам як ҷавон аз қатори дуввум аз ҷой хеста, рафта телефонро аз дасти мард мегирад ва батареяи онро ҷудо мекунад. Мусиқӣ хомӯш мегардад ва мулло-имом амри маъруфашро идома медиҳад…
Ин ҳолатро мушоҳида карда, ҷаласаҳои раиси ноҳия ба хотирам расид. Чанд сол қабл, вақте ки маро ба ноҳия ҳамчун мудири филиали бонк равон намуданд, банда бори аввал дар ҷаласаҳои ноҳиявӣ иштирок мекардагӣ шудам. Дар аввалин ҷаласа кори нахусте, ки баъд аз шиносоӣ ҳампаҳлуҳоям ба ман фаҳмонида, таъкид намуданд, ин буд: «Телефонатро хомӯш намо, вагарна аз он маҳрум мегардӣ». Баъдтар ман ин чизро бо чашми худ дидам. Дар ҷаласаҳои раиси ноҳия агар мабодо телефони касе занг мезад, раиси ноҳия телефони он нафарро гирифта, мефармуд ба ҳоҷатхона партоянд ва ёвари раис дар ҳақиқат телефонро ба ҳоҷатхона ҳаво медод.
Боре дар айни ҷаласа телефони раиси як ҷамоат занг зад. Вай то онро хомӯш намуд, ки раиси ноҳия ин ҳолатро дид ва фармуд, то телефонашро гиранд. Телефонашро гирифтанд ва Абдураҳмонзода фармуд, ки онро ба ҳоҷатхона партоянд. Телефонро ба ҳоҷатхона равон намуданд ва раиси ноҳия ба раиси кумитаи андози ноҳия, ки марди куҳансол буд, муроҷиат намуда, гуфт:
— Дар ҳамин давоми кори ман дар ноҳия чанд телефон ба ҳоҷатхона партофтаем?
— Аз даҳто зиёд ба фикрам, Раис,- гуфт раиси кумитаи андоз.
Раиси ноҳия гуфт:
— Дар даҳ телефони ба ҳоҷатхона партофтаи ман, ки як хели шумо ақли «дар вақти ҷаласа телефонро хомӯш ё бе овоз намудан лозим»-ро ёд нагирифтед, дигар вақти мурданатон инро дарк мекунед?!…
Олим САФОЛОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ