Нархи газ боло рафт: Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабабашро медонад, аммо лаб ба хомӯшӣ бастааст

Рӯзҳои охир, боло рафтани нархи гази моеъ ҷайби гоҳ пур ва гоҳе холии мардум (қишри миёнаҳол)-ро сахт афшонд:  нархи молу маҳсулот дар бозору мағозаҳо дучанд боло рафту оҳи мардум ба фалак печид.

Бино ба маълумоти коршиносон, арзиши гази моеъ 50 дарсад боло рафт, ки чунин болоравӣ ба дунбол ба нархи маҳсулоти озуқаву масолеҳи сохтмонӣ низ қариб 50 дарсад таъсири худро гузошт. Худ қазоват кунед: имрӯз дар бозорҳои пойтахт ҳар бандчаи гашничу пиёз (дар маҷмӯъ кабудӣ) аз 50 то ба 70 дирам дакка хӯрд, гӯшти гову гӯсфанд бар иловаи равған то ба  55 сомонӣ расид. Ба қавли фурӯшандаҳо, сабаб яктост: Болорави нархи гази моеъ қимати интиқоли маҳсулотро аз 10 то ба 20 сомонӣ боло бурд.

Ҳамагон хуб медонем, ки дар беш аз 60 дарсади мошинҳо гази моеъ истифода мешавад ва дар баробари боло рафтани маводи сӯхт бахусус гази моеъ, арзиши хизматрасонӣ – интиқоли молу маҳсулот низ бамаротиб боло рафт.

Вақте коронавирус Тоҷикистонро доман зад, қимати гази моеъ бамаротиб коҳиш ёфт, ки то ҷое мардум, бахусус онҳое, ки таксирониву бозоргардӣ мекунанд, аз чунин ранг гирифтани кор хурсанд шуданд. Гумон мерафт, ки қимати маводи сӯхт дигар бетағйир боқӣ  мемонад, зеро пандемия ба қавле “хушку тарро” баробар сӯхт. Аммо он замон таксироне, ки мусофираш будам, вазъи бамиёномадаро чунин ояндабинӣ кард: “Ин ҷо зери косаҳо нимчакосаҳоеанд, ки рафта – рафта аён мегарданду нарх якбора ба арш мерасад, зинда бошем мебинем!”

Бале, пешгӯии он таксирони собиқадор ва ба гуфтаи мардум “кору зиндагидида” билохира амалӣ гашт:  Суръати мавҷи пандемия дар кишвар каме ором гашту тоҷирони камингирифта сар боло карданд ва нархи гази моеъро бамаротиб боло бурданд. Чунин амалкарди нобаҳангом, ки онро муфассирон “муаммои сарбаста” маънидод мекунанд, гӯ-магӯҳои зиёдеро миёни коршиносону таҳлилгарону масъулин эҷод кард. 

Айб дар ош, ё…?

Рӯзҳои аввали болоравии қимати гази моеъ масъуле (ростӣ, ки хуб дар ёдам нест, ки кӣ буд), хулоса карда буд, ки  нархи ҷаҳонии гази моеъ боло нарафтааст, айб дар худи интиқолдиҳандагони ватанианд, ки ба хотири фоида ба даст овардан даст ба чунин амал задаанд. Чун масъала ҷиддӣ гашт, гапҳо ба дигар самт тоб хӯрданд. Чунончӣ, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Мубин зимни нишасти матбуотӣ сабаби боло рафтани қимати гази моеъро чунин шарҳ дод:  “Ҳафтаи аввали моҳи июл дар давлатҳои истеҳсолкунанда, дар худи биржаи гази моеъ нархи ин сӯзишворӣ якбора 50 фоиз баланд шуд, ки таъсири он ба Тоҷикистон низ расид. Мо тибқи маълумоти Хадамоти гумрук ва бо дар назардошти тамоми хароҷоти дохиливу дар вақти интиқол сарфшуда, нархи гази моеъро ҳисоб кардем, арзиши аслии он дар яклухтфурӯшҳо 3 сомониву 20 дирамро ташкил медиҳад. Новобаста аз ин, мо таҳлил гузаронидем, дар баъзе нуқтаҳои савдои сӯзишворӣ беасос баландкунии нархи гази моеъ ба назар мерасад”. Ёбу гир!

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Хадамот, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби 15 субъекти хоҷагидори воридкунандаи гази моеъ ба ҷумҳурӣ 227 177,38 тонна гази моеъ бо нархи миёнаи 391 долларӣ ворид карда шудааст.

Дар моҳи январ нархи миёнаи воридоти як тонна гази моеъ 453,0 долларро ташкил мекард, моҳи июн бошад, он ба 241 доллар баробар гардид. Аҷоиботро бинед, вақте нархи як тонна ба қимати 453,0 доллар ворид мегашт, нархи гази моеъ дар кишвар 3 сомониву 20 дирам буд, аммо дар моҳи июн, ки як тоннаи он, бо қимати 241 доллар ворид гардид,  3.80-4.20 сомониро ташкил дод.  Муаммо? Хонандаи азиз, ба Худо аз ин шарҳу тафсири муҳтарам сардори Хадамот чизе нафаҳмидам. Ё ман хато кардаам ё ӯ хато гуфтааст?!

 Тибқи ҳисобу китоби коршиносон агар ҳар тоннаи гази моеъ бо нархи 400 — долларӣ ҳам ворид гардад, набояд нархи газ то 4.40 сомонӣ дакка хӯрад.

Сардори Хадамот мегӯяд, “бино ба таҳлили гузаронида, дар баъзе нуқтаҳои савдои сӯзишворӣ, беасос баландкунии нархи гази моеъ ба назар мерасад”. Ҳамчунин, аз иттилоот бармеояд, ки Хадамот ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна тақаллубкориҳо дар самти фурӯш ва интиқоли маводи сӯхт, гурӯҳи корӣ таъсис дода, тамоми ширкатҳоеро, ки дар ҷумҳурӣ ба воридоти на танҳо газ, балки дигар намуди сӯзишворӣ машғуланд, мавриди омӯзиш қарор додааст ва дар ҳолати муайян шудани беасос баланд бурдани нарх тибқи қонунгузории амалкунанда нисбат ба онҳо тадбирҳои дахлдор меандешанд.

Хуб, агар айб дар фурӯшандаҳо бошад, пас чаро мақомоти назоративу тафтишотӣ дар ин самт хомушӣ ихтиёр карданду аз худ пешдастие нишон надоданду намедиҳанд?  Ё интизори дастуру супоришҳои Пешвои миллатанд?! 

Сомонаи  хабарии INTERFAX.RU дар саҳифаи худ овардааст, ки ҳаҷми истихроҷи газ дар Россия дар моҳҳои январ-июли соли равон то 9,4 фоиз коҳиш ёфт ва коршиносони рус сабаби болоравии қимати гази моеъ дар Тоҷикистонро дар коҳиши истеҳсолу истихроҷи он маънидод кардаанд, на дар болоравии нархи ҷаҳонии маводи сӯхт.

 Лозим ба ёдоварист, ки дар Тоҷикистон беш аз 30 ширкати интиқолдиҳандаи газ арзи ҳастӣ дорад. Ҳаҷми ҳарсолаи интиқоли гази моеъ ба ҳисоби миёна 340 ҳазор тоннаро дар бар мегирад, ки 85 фоизи он аз Қазоқистон ва 15 фоиз аз дигар кишварҳо бо миёнҷигарии ширкатҳои интиқолёбанда сурат мегирад.

15 фоиз илова ба маош, 50 фоиз нархи маҳсулот?

Болоравии нархи гази моеъ ва ҳамзамон дар ин доира болоравии нархи маҳсулот дар бозору фурӯшгоҳҳои кишвар, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи
вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту
муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”-ро аз 1 сентябри соли 2020 пеши назар овард: Қабл аз он, ки 15 фоиз ба музди меҳнату нафақаву идрорпулӣ зам гардад, фурӯшандаҳои пешдаст 50 фоиз ба нархи маҳсулот зам карданд. Ва ин қонуни нонавиштаи бозор солҳост, ки идома дораду бештар аз ҳама зарбаи ҷонкоҳ бар камари хамгаштаи мардуми фақиру камбизоат мезанад. Дар бозор мувозинат миёни маошу мавод баробар нест ва инро ҳар масъул хуб медонанд. Ин ҳама дар ҳолест, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар дидору мулоқот бо масъулин эшонро таъкид месозанд, то дар пайи бароварда сохтани ниёзи аҳолӣ ва ба эътидол овардани рӯзгору зиндагии мардуми камбизоат тадбиру чораҳои судманд андешанд. Аммо чаро масъулин мустақилона иқдоме рӯи даст намегиранд?

 Бас аст дигар худро мусичаи бегуноҳ ҳисобидан, вақте Пешвои миллат бо боварию эътимод масъулиятеро бар дӯши масъуле бор кардааст, пас кор мебояд кард, КОР, на бо ҳар гуна баҳонаориҳою тақаллубкориҳо бар чашми мардум хок пошид!

Муҳиддин Идизода,

махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *