Нархи орд дар Тоҷикистон боло меравад, талоши масъулин бе натиҷа (видео)
Рӯзҳои охир дар бархе аз бозорҳои шаҳри Душанбе ба мушоҳида мерасад, ки як халта орди 50 кг, ки асосан истеҳсоли Қазоқистон аст, 300 сомонӣ арзиш дорад.
Сокинон мегӯянд, ки дар минтақаҳо, бахусус дар вилояти Бадахшон ва водии Рашт соҳибкорон аз ин ҳам қиматтар мефурӯшанд. Аслан гаронии орд дар Тоҷикистон як моҳ пеш оғоз шуда буд. Дар ин муддат нархи як халтаи орд аз 240 сомонӣ то 300 ва аз он ҳам зиёд шуд.
Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сабаби болоравии нархи ордро дар кишвар ба «кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон» иртибот додаанд.
Асосан ба Тоҷикистон гандум аз Қазоқистон ворид мешавад. Ба гуфтаи мақомот, барои таъмини мардуми Тоҷикистон солона 700 ҳазор тонна орд лозим аст. Дар ҳоле, ки мақомот ваъда доданд, нархи ордро назорат мекунанд, вале ба назар мерасад, ин талошҳои онҳо чандон самарае наовардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ