Нависандаи КОНИБОДОМ пайдо шуд
Прокуратураи генералӣ мақолаи “Дар сари фарзанди мардум номи ноҳияи Конибодом….”-ро, ки бо акси таҳқиромези кам кардани мӯйи сари сарбозон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн гардидааст, мавриди таҳқиқ қарор дод.
Маълум гардид, ки ҳодиса 14-уми январ аз ҷониби сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ дар шаҳри Исфара, сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов рӯй додааст.
Номбурда бархилофи Оинномаи интизомӣ амал карда, 9 нафар наваскарон — Кароматзода Б. Л., Азамзода М. А., Қурбонов С. Н., Гулмирзоев И. М., Раҳматуллозода И. Р., Кенҷаев К. Р., Раҷабов Р. Н., Мирзоев Н. У. ва Ғуломзода К. С.-ро бо мақсади нишон додани бартариаш ба намуди зоҳирии сарбозони қатории номбаршуда таҳқирона муносибат карда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”, ”О”, ”Н”, ”И”, ”Б”, ”О”, ”Д”, ”О”, ”М” метарошад ва шаъну шарафашонро дар назди сарбозони дигар паст мезанад.
Номбурда боз ҳам барои шуҳратманд гардидан ин ҳолатро тавассути сержанти хурд А. Давлатов ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намуда, ин аксро 15-уми июн, яъне баъди адои хизмат ҳамчун воситаи таҳқири низомиён дар Интернет паҳн мекунад.
16-уми июн вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбати низомиён М. Исмоилов ва А. Давлатов парвандаи оғоз шуда, ҳоло тафтишот идома дорад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз 250 то 919 нишондиҳанда ё то 9,5 соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрел ҳодисаи ба ҳамин монанд боз ҳам дар ҳамин ноҳияи Исфара рух дода, дар пайи он 1 афсару 7 низомӣ аз 9,5 то 11,5 сол ҳабс шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ