Наворе, ки паҳлуи дигари Ҳамзат Чимаевро нишон дод
Чанде боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори вохӯрии варзишгари маъруфи муҳорибаҳои омехта Ҳамзат Чимаев бо ятимдухтаре чарх мезанад, ки дар он ба қавле варзишгари бераҳм мегиряд.
Аксарият мехостанд бидонанд, ки чаро дар вохӯрии кӯтоҳ ҳам варзишгар ва ҳам духтарак мегирянд. Ба ин нофаҳмӣ ҷавоб пайдо шуд, зеро он ятимдухтар дар мусоҳибае чунин гуфт:
— Мо ҳамроҳ сурат гирифтем ва ман ба ӯ гуфтам, ки барои ҳама корҳоятон ташаккур. Шумо барои мо намуна ҳастед ва шукр, ки бо шумо вохӯрдем. Ашки ман аз шодӣ буд, зеро тавонистам ӯро аз наздик бинам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ