Навори оташ гирифтани хонандаи мактаб таҳқиқ шуд

Аз ҷониби кормандони милитсия навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида дар мавриди оташ гирифтани хонандаи мактаб мавриди санҷиш қарор дода шудааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, муайян гардидааст, ки ҳодисаи мазкур санаи 6-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67-и ноҳияи Сино рух додааст.

— Қобили зикр аст, ки дар асоси нақша, дар муассисаи мазкур машқҳои мудофиаи гражданӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода гузаронида шудааст. Дар натиҷа аз ҷониби масъулин қоидаҳои бехатарӣ риоя карда намешавад, ки зимни оташсузӣ пушти бадани хонандаи синфи 10-уми муассисаи мазкур оташ гирифта, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур айни замон аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *