Наврасон маршруткаро тирборон ва ронандаро захмӣ кардаанд

Дар ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон, ки ронандаи микроавтобуси No К-53 кор мекунад, ба пулис муроҷиат кардааст.Бино ба  гуфтаи ӯ, шаби 25 октябр, тахминан соати 21:15 дар чорроҳаи буриши кӯчаҳои Чернов ва Бабушкина се ҷавони ношинос, ки 14-15 сола буданд, вориди микроавтобуси ӯ шудаанд.

Онҳо дар дохили микроавтобус садо баланд карда, бо шуру мағалашон ба мусофирон халал расонида ба эроҳои дигар ҳамсафаронаи худ эътибор надоданд. Дар натиҷа ронанда тоқат накарда аз онҳо хоҳиш кард, ки аз микроавтобус фуроянд.

Пас аз он садое шунида шуду ронанда дар худ, дарди шадиди пои росташро ҳис намуд. “Авбошон аз салони мусофирбар берун ҷаҳида, яке аз онҳо аз силоҳи навъаш номаълуме, ки ба таппонча монанд буд, ба шишаи пеши автобус чанд маротиба тир парронӣ кард ва пас аз он ҳама аз ҷои ҳодиса фирор карданд. Дар шишаи пеши автобус 4 изи тир боқӣ мондааст”, — хабар медиҳад портали  маҳаллии “Konkretno.Ru”.

 Ба навиштаи рӯзнома, ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаи боз кардани парвандаи ҷинои вобаста ба ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Маршрути К-53 аз истгоҳи метрои «Купчино» то заводи маснуоти оҳану бетонии рақами 1, ки дар ҳудуди ноҳияи  моҳигирии шаҳри Санкт-Петербург воқеъ аст, меравад.

Бо нигоштаи  як портали дигари хабарии маҳаллӣ, Фонтанка.Ру, ронанда як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон аст, ки беш аз ду сол пеш ба Русия барои кор омада буд. Дар сабти ном мушкиле надорад, ҳоло дар хатсайри ширкати нақлиётии «Питеравто» кор мекунад. Пас аз ин ҳодиса ӯ бистарӣ шудан ба беморхонаро рад кард. Ин мард тавзеҳ дод, ки тирандоз ва дӯстонаш аз 15 сола зиёд нестанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *