Наврасони тоҷик дар Ҷоми рушд сеюм шуданд
Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» гардид.
Дар «Ҷоми рушд-2023», ки дар шаҳри Минск (Белорус) баргузор шуд, ҳашт даста ширкат карданд, ки инҳо дастаҳои Тоҷикистон (U-17), Русия (U-17), Эрон (U-17), Белорус (U-16), Белорус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-16), Русия (U-16) буданд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт «Ҷоми рушд-2023»-ро ҷамъбаст кард. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо тимҳои Русия (1:1) ва Белорус (2:2) мусовӣ бозӣ карда, бар дастаи Эрон (3:1) пирўз ва дар гурӯҳи худ дуюм шуданд. Наврасони Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Русия (U-16) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омаданд. Аз рўи натиҷагирии мусобиқа ду бозингари тими наврасони Тоҷикистон (U-17) дар қатори беҳтаринҳо қарор гирифтанд. Капитани мунтахаби наврасон Абубакр Сулаймонов беҳтарин бозингари «Ҷоми рушд-2023» ва ҳамлагар Раббонӣ Камолов бо задани 4 гол беҳтарин нишонзан эътироф гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ