Наздики 13,98 км хати сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуд

Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории марз наздики 13,98 км хати сарҳади давлатии ду кишварро муайян намуданд.

Ҷаласаи ҳайати кории ду кишвар дар ҷаласаи рӯзҳои 12 — 18 октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор гардидааст.

«Қисмати марзии муайяншуда ҳудудҳои навоҳии наздимарзии вилоятҳои Суғд ва Бодкандро дар бар мегирад», — иттилоъ медиҳанд манобеи огоҳ.

Гуфта мешавад. ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда,  натиҷаи он дар протоколи дахлдор ба имзо расид.

Минбаъд ҳам гурӯҳҳои корӣ ба муайян намудани минтақаҳои боқимондаи марзиро идома медиҳанд. Интизор меравад, ки ҷаласаи навбатӣ оид ба таъйин ва аломатгузории марз дар ҳудуди Қирғизистон доир шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *