Некӣ Мирзоӣ -Эрон
Дарахти зиндагӣ
Пушти нигоҳи абр,
Рўъёҳоямро навиштам,
Ки бар хоки хушки орзуҳо биборад.
Хўшаҳои занбуқу ёс,
Боронӣ шуд бар мурдоб.
Дар чеҳраи обии дарё,
Нилуфари ишқ,
Дар имтидоди замони шукуфт,
Дар умқи ҳофизаи лаҳзаҳо,
Овози сурхи шақоиқ печид.
Печаки сабзи дастҳои ишқ
Дубора маро,
Ба даври дарахти зиндагӣ печид,
Яке бояд саломи маро ба баҳор бирасонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ