Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ғӯрамарги 6-солае, ки шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард

Эдуард Томас Клинти 6-солаи ҳинду дар таърих ҳамчун кӯдаки пурсарусадотарин шинохта шудааст.

Томас Клинт 19 майи соли 1976 ба дунё омада, соли 1983 дар ҳафтсолгӣ аз дарди шадиди гурда фавтидааст.

Аз рӯи асарҳои офаридаи ин рассоми ҷавон дар шаҳри Кочии Кералаи Ҳиндустон намоишгоҳи ғайриоддии санъат кушода шуд, ки ҳамаи тамошобинонро ба ҳайрат оварда буд.

Намоишгоҳро  расмҳои ҳунарманди ҳиндӣ Эдмунд Томас Клинт оро дода буданд. Ӯ дар ҳамин шаҳр зиндагӣ мекард. Ин навраси хурдсол дар тӯли умри ночизи худ номи худро дар саҳфаи торих сабт кард. Ва дар умри кӯтоҳи худ ӯ тавонист 25 ҳазор расм кашад.

Бисёре аз онҳо хеле ғайриоддӣ ҳисобида мешаванд. Рияс Кому, ташкилкунандаи намоишгоҳ мегӯяд: “Клинт дар 25 ҳазор асаре, ки дар давоми 6,5 соли ҳаёти ӯ офарида шуда буданд, нобиғагии худро нишон дод. Офаридаҳои Клинт як лоиҳаи илҳомбахш аст. Ин паём ба кӯдакон, волидони онҳо, ҷаҳони санъат ва система аст.

Мо умедворем, ки пас аз ин намоиш мақомоти Керала Осорхонаи Клинтро таъсис хоҳанд дод. » Падару модар ба писар номи актёр Клинт Иствудро гузоштанд. Ҳунарманди ҷавон қариб ҳеҷ гоҳ аз хона набаромада, дӯст медошт он чизеро, ки дар назди тирезаҳо рӯй медиҳад, тамошо кунад.

Дар асарҳои ӯ мавзӯъҳои афсонавӣ ва мазҳабӣ таҷассум гардидаанд. Клинт дар расмҳои офаридааш ранг кардани идҳои ҳиндуҳоро, ки дар наздикии хонааш дидааст, дӯст медошт. Ин намоишгоҳ тақрибан 60 асари ӯро дар бар мегирад. Падари рассом аз ташкилкунандагони ин намоишгоҳ изҳори сипос карда, афзуд, ки бо ин амалашон онҳо рӯҳи писараки ӯро шод гардонидаанд.

Юсуф, падари рассоми ҷавон мегӯяд: “Онҳо назди ман омада, хоҳиш карданд, ки барои намоишгоҳ аксҳои писарамро диҳам. Ман розӣ шудам, аммо гумон надоштам, ки онҳо ҳама корро ин қадар хуб ташкил мекунанд”.

Барои гиромӣ доштани хотираи ин нобиғаи ғурамарг дар шаҳри Кочӣ як кӯчаеро ба номи Клинт гузоштаанд.

Ин ба мо ҳушдор медиҳад, ки умри дарози бебаракату бемаҳсул далели номгумшудан аст. Аммо маҳсули кору эҷоду фазилати инсон новобаста аз синну сол сабт шудан дар ҷаридаи олам будааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.