Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шоири тоҷик Амрикои Шимолиро ба по хезонд…

Шоири тоҷик Ибодуллоҳи Солеҳ, ки ҳанӯз моҳи июн барои иштирок дар Конгреси 3-юми байналмиллалии нависандагон ва ҳунармандони Испано-Амрикоӣ расман даъват шуда буд, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Амрикои Шимолӣ пазируфта шуд.

Тавре шоир дар сӯҳбат бо мо иброз намуд, ин хабар ногаҳонӣ буд ва чанд соат пеш расид. То ин дам аз Тоҷикистон танҳо исми Гулсифат Шаҳидӣ ба мо маълум буд, ки аввали сол дар Руссия ҷоизаи “Адиби сол”-ро ба даст овард ва узви ин иттифоқ гашт.

Дар сӯҳбати қаблӣ бо хабарнигори Pressa.tl Ибодуллоҳи Солеҳ ишора намуда буд, ки ба дастгирӣ ниёз дорад. Яъне, осори ӯ берун аз марзи Тоҷикистон нашр мешавад, аммо дар дохили кишвар на. Ӯ ҳатто аз он изҳори нигаронӣ кард, ки узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нест. Ин дар ҳолест, ки ИН-и Ӯзбекистон ва Олмон ӯро чандбора ба аъзогӣ даъват карданд.

-Дар анҷумани охирини Иттифоқи нависандагон маҳдудияти синнусоли ҷорӣ карданд, ки дигар ман аъзои он шуда наметавонам. Яъне, касе меҳнати маро қадр намекунад. Ҳол он ки, узви академияи байналмиллалии шеър ҳастам,-бо афсӯс илова кард шоир.

Ёдрас мешавем, ки пас аз тарҷума ва нашри осори Ибодуллоҳи Солеҳ бо забонҳои португалӣ (аз ҷониби Fatima Gaimero ва Jorge Segueira), арабӣ (аз ҷониби Salma Khan) ва русӣ (аз ҷониби Людмила Садовская) ӯ ба ин ҳамоиш роҳ ёфт. То ин дам шеърҳои шоир дар маҷаллаҳои бонуфузи Бангладеш, Португалия ва Бразилия нашр шуда, тариқи радиоҳои “Садои Афғон”, “Океан-плюс” садо дода буданд.
Амони Муҳаммад

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.