Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қазоқбоеви қирғиз ба Душанбе меояд

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст,ки Руслан Қазоқбоев, вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон имрӯз вориди Душанбе мешавад.

Сафари Руслан Қазоқбоев то 20 ноябр идома хоҳад ёфт.

Зимни сафараш ӯ бо Сироҷиддини Муҳриддин, ҳамтои тоҷикаш ва дигар мақомоти Тоҷикистон  дидор ва равобити дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.

Яке аз мавзӯъҳои муҳими ин дидор чигунагии идомаи музокирот бар сари аломатгузории марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд, ки имсол ба далели густариши вируси корона ба таъхир афтодааст.

 Дар музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои таъйини марзи муштараки 987 километрии ду кишвар дар 27 соли гузашта танҳо  520 километр аз ин хати марзӣ аломатгузорӣ шудааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj