Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қирғизистон ба сокинони наздимарзӣ салоҳ медиҳад?

Айни замон дар Қирғизистон лоиҳаи қонуне дар муҳокимаи умум қарор дорад, ки ба сокинони деҳоти наздимарзӣ иҷозаи дар даст гирифтани силоҳ, пас аз омӯзиши махсус, дода мешавад.
Гурӯҳе аз вакилони “Жогорку Кенеш”, парлумони Қирғизистон лоиҳаи ворид кардани тағйиру илова ба қонун “Дар бораи ваколатдорони марзӣ”-ро омода кардаанд. Вакилони порлумон бар ин боваранд, ки бояд ба “шаҳрвандони ваколатдор” ҳуқуқу имкониятҳои бештар дода шавад. Ин гурӯҳ шаҳрвандон ба марзбонон барои ҳифзи марз кӯмак мекунанд.
Ба бовари муаллифони лоиҳаи қонун, тағйирот метавонад аз ҳамлаву талошҳо бар зидди тамомияти марзӣ ва истиқлолияти Қирғизистон пешгирӣ намуда, дар таъмини амнияти марз мусоидат кунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.